Интиқоди тунди имомхатиби масҷиди марказии Тахор аз Толибон

Имомхатиби масҷиди марказии Тахори Афғонистон Мавлавӣ Абдулқадир дар як суханронияш дар дохили масҷид бо лаҳни хеле шадид аз нерӯҳои Толибон интиқод кард ва онҳоро золим хонд.

Имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Толиқон, маркази маъмурии вилояти Тахори Афғонистон, ки бахше аз навори видеии суҳбати ӯ расонаӣ ва мавҷи вокунишҳоро ба ҳамроҳ доштааст, хитоб ба Толибон гуфт, ки ҷангашон ба хотири даромади пулу манофеи дунёӣ будааст. Вай афзуд, “ба Худо қасам аз зиндагӣ ба танг омадаем ва ҳар лаҳза шаҳодат мехоҳем.”

Мавлавӣ Абдулқадир бар иловаи интиқоди тунд аз низоми Толибон ҳамчунин низоми 20-солаи Афғонистон бо раҳбарии Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғаниро ҳам “низоми куфрӣ” хонд.

Ӯ дар хутбаи намози ҷумъаи худ хеле тунд аз нерӯҳои Толибон интиқод карда, мегӯяд, ки садои ӯ “дар замони низоми куфрӣ хомӯш нашуд, дар низоми аморат ҳам хомӯш нахоҳад шуд.”

Ин тавр интиқоди тунд аз низоми Толибон дар Афғонистон бори аввал нест, ки аз забони як рӯҳонӣ ва соҳиби минбар садо медиҳад, балки дар хеле аз вилоятҳои Афғонистон низ чунин интиқодҳое аз забони табақаҳои мухталифи ҷомеа садо меҳиданд.

Толибон 15-уми августи соли 2021 пас фирори Ашраф Ғанӣ, собиқи президенти Афғонистон аз ин кишвар вориди Кобул гардида, қудратро соҳиб шуданд. Бо гузашти зиёда аз 5 моҳ то кунун ҳеч кишваре эълон накардааст, ки ҳукумати онҳоро дар Афғонистон расман мешиносад.

Аммо бо ин вуҷуд, ҳамсояҳои Афғонистон ба мисли Тоҷикистону Узбекистон, Туркманистону Эрон ва Покистон ҳамвора эълом мекунанд муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ин кишварҳо бо Афғонистон беҳтар гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Навори баҳси сокини маҳаллӣ бо ду муҳоҷири тоҷик дар Аврупо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки гуфта мешавад...

Интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз Русия ҳанӯз оғоз нашудааст

Раванди интиқоли 200 зани маҳкумшудаи тоҷик аз зиндонҳои Русия...

Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки...

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...