Бузургмеҳр Ёровро боз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд

Мақомоти зиндонҳо дар Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқ ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёровро боз барои 15 рӯз равонаи утоқи ҷаримавӣ (карцер) кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бунёди “Бузургмеҳр”, ин ҳомии ҳуқуқро барои сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Бунёди “Бузургмеҳр” менависад, ки “Мақомоти Тоҷикистон фишор ба зиндониёни сиёсиро идома медиҳанд. Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Президенти Тоҷикистон, Бузургмеҳр Ёров, ҳомии ҳуқуқ бори дигар ба муддати 15 рӯз дар утоқи ҷаримавӣ ҷой карда шуд. Сабаби муҷозот, сари вақт ва дуруст баён накардани эҳтиром ба Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раисҷумҳур ва раҳбари кишвар будааст”.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Ёров, раиси Бунёд ва бародари Бузургмеҳр Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфт, ки дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Президент мақомоти зиндонҳо бо Бузургмеҳр Ёров дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа ва пешрафти кишвар баҳс мешаванд ва интиқодоти ӯ ба масъулин писанд намеояд. Гуфтаҳои Бузургмеҳр Ёровро ду зиндонии дигар низ дастгирӣ мекунанд, ки дар натиҷа ҳарсеро равонаи утоқи ҷаримавӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ кормандони зиндони нави шаҳри Ваҳдат Бузургмеҳр Ёровро барои ширкат накардан дар ҳозир-ғоиб (перекличка) ба утоқи ҷаримавӣ андохта буданд.

Он замон Ҷамшед Ёров дар суҳбат бо Azda tv гуфта буд, ки вақте бародараш Бузургмеҳр Ёров дар китобхонаи маҳбас будааст, “дарро касе қасдан қулф мекунад, аз ҳамин хотир ӯ наметавонад, ки аз он ҷо берун шавад ва дар “перекличка”-и маҳбусон ширкат кунад”. Кормандони зиндон инро баҳона карда, Бузургмеҳр Ёровро барои 10 рӯз ба ШИЗО интиқол доданд.

Ҷамшед Ёров сабаби интиқоли бародашро ба ШИЗО ба фаъолиятҳои Бундёди “Бузургмеҳр” ва иштироки аъзои он дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА рабт дода гуфта буд, ки кормандони зиндон қасдан ӯро дар китобхоҳа маҳкам карда, баъдан барои набудан дар ҳозир-ғоиби маҳбусон ҷазо додаанд.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Фирдавс Киллер” дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст.

Чор узви як хонавода дар садамаи маргбор ҷони худро аз даст доданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса субҳи 1-уми августи соли 2026 дар роҳи Норак–Ваҳдат, дар ҳудуди минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шукуфоӣ аз рӯи озодии баён дар поёни рӯйхат қарор гирифт

Раддабандии нави ҷаҳонии шукуфоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи озодии баён ва сифати фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар қатори кишварҳои дорои пасттарин нишондиҳандаҳо қарор дорад.

Тоҷикистониён барои визаи ИМА метавонанд то 20 ҳазор доллар гарав супоранд

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барномаи гарави раводид (Visa Bond Program)-ро ба таври доимӣ ҷорӣ кард.