Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ бо навиштани номаи расмӣ ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп аз вазифаи худ истеъфо дод.
Ин мақомдор, ки дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии X номаашро нашр кардааст, мегӯяд, бо сабаби норозигӣ аз сиёсатҳои кунунии ИМА дар Ховари Миёна, махсусан нисбат ба Эрон, дигар наметавонад вазифаи худро идома диҳад.
“Пас аз андешаҳои зиёд, ман қарор кардам аз вазифаи директори Маркази миллии зиддитеррористӣ истеъфо диҳам ва ин қарор аз ҳамин рӯз эътибор пайдо мекунад”, — гуфта мешавад дар нома.
Дар идома Кент навиштааст, ки наметавонад “бо виҷдони солим ҷанг дар Эронро” дастгирӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, “Эрон ҳеҷ таҳдиди фаврӣ барои ИМА надошт ва возеҳ аст, ки ИМА ин ҷангро бо фишор аз ҷониби Исроил ва лобби пурқудрати он дар кишвар оғоз кардааст.”
Ҳамчунин ӯ дар ин нома ба ваъдаҳои сиёсии Доналд Трамп дар маъракаҳои интихоботии солҳои 2016, 2020 ва 2024 ишора карда, гуфтааст, ки дар он давра Трамп борҳо таъкид мекард, ки ИМА бояд аз “ҷангҳои беохир” дар Ховари Миёна дурӣ ҷӯяд.
Кент инчунин мисол меорад, ки дар давраи аввали президентии Трамп баъзе амалиётҳои низомӣ, аз ҷумла кушта шудани фармондеҳи эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар соли 2020 ва мубориза алайҳи гурӯҳи террористии “ДИИШ” бо мақсади маҳдуд анҷом дода шуданд.
Аммо, ба гуфтаи Кент, дар оғози маъмурияти навбатӣ, мақомҳои баландпояи Исроил ва баъзе рӯзноманигорон як маъракаи иттилоотии бардурӯғро роҳандозӣ карданд, ки ба таври комил сиёсати “Амрико аввал аст”-и Доналд Трампро коста намуд ва Амрикоро ба ҷанг бо Эрон тела дод.
Ҳамчунин ӯ мегӯяд, ки ба Трамп гуфтанд, ки Эрон таҳдиди фаврӣ ба Иёлоти Муттаҳида мебошад ва агар ҳоло ҳамла кунад, роҳи комили пирӯзии зуд вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи Кент, ин дурӯғ буд ва ҳамон тактикаест, ки Исроилиҳо барои ҷалб кардани Амрико ба ҷанги фалокатбори Ироқ истифода карданд ва он ҷони ҳазорон марду зани амрикоиро гирифт.
Ҳамакнун собиқ директори Маркази миллии зиддитеррористии Амрико дар номаи истеъфояш таъкид кардааст, ки дигар набояд Амрико ин хатогиро такрор кунад. Ӯ мегӯяд: “Ҳамчун собиқадори ҷанг, ки 11 маротиба ба майдон рафтам ва ҳамчунин ҳамсари азизи худ Шеннонро дар ҷангҳои сохта аз ҷониби Исроил аз даст додам, ман наметавонам насли навро барои ҷанг ва марг фиристам, ки ба мардуми Амрико фоида намеорад ва арзиши ҷони амрикоиҳоро ҷуброн намекунад.”
Ӯ аз мақомдорони Амрико хоста, ки “шумо андеша кунед, ки мо дар Эрон чӣ кор мекунем ва барои кӣ ин корро мекунем? Вақти амалҳои ҷасурона расидааст. Шумо метавонед роҳро тағйир дода, роҳи нав барои кишвари мо кушоед, ё иҷозат диҳед, ки мо ба сӯйи таназзул ва бесарусомонӣ равем. Қарор дар дасти шумо мебошад”.
Истеъфои ин мақомдори баландпояи амрикоӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 28-уми феврали соли ҷорӣ ҷанги Исроилу Амриков бар зидди Эрон идома дорад. Ва ҳоло вокунишҳои ҷаҳонӣ гуногун буда, аксар бар поён додани ҷанг таъкид мекунанд.
