18.9 C
Dushanbe

Истеъмор ё истиқлол – ҳосили ҷанги Амрико ва Эрон

Раисҷумҳури Амрико ҳамла болои зерсохтҳои энержии Эронро аз панҷ ба даҳ рӯз ба таълиқ даровард. Ин тасмими Доналд Трамп дар 23-юми март, пас аз баста шудани тангаи Ҳурмуз аз тарафи Эрон расонаӣ шуд. Зимнан Теҳрон эълом карда буд, ки ҳамла болои зерсохтҳои энержии ин кишвар мунҷар ба ҳадафи машруъ қарор гирифтани зерсохтҳои мушобеҳи кишварҳои шарики Вашингтон дар Ховари Миёна хоҳад шуд.

Пас аз эҷоди монеа дар масири нафткашҳо дар тангаи Ҳурмуз масъалаи ҳадаф қарор додани зерсохтҳои энержии Эрон матраҳ шуд, ки дар аввал Теҳрон гуфт, феълан тангаи мазкур баста нашуда, балки зери контрол аст. Ба иддаои мақомоти эронӣ, танга барои кишварҳои “ғайри душман” боз аст. Аммо рӯзи 27-уми март Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон расман эълон кард, ки тангаи Ҳурмузро бастааст.

Мавзеъгирии мақомоти кишварҳои мутахосим дар ҷиҳати музокирот қарор аст, гардиши ҷиддиеро дар таниши ду тараф рақам бизанад. Ҷониби Амрико аввал шуда аз оғози гуфтушунидҳо дар ҷиҳати боз кардани тангаи Ҳурмуз ва оташбас хабар дод. Дар аввал, пас аз ироаи шурути Амрико ба Эрон аз тариқи Покистон Аббоси Ироқчӣ идомаи музокиротро такзиб кард. Вале рӯзи 26-уми март расонаҳо аз ироаи шартҳои Эрон барои поён додани ҷанг ба ҷониби Амрико низ гузориш доданд. Сухангӯи Кохи Сафед ҳам пас аз мавзеъгирии аввали Аббоси Ироқчӣ эълон кард, ки низоми исломӣ агар бақои худро мехоҳад, шикаст дар ин ҷангро бояд бипазирад, вагарна ба вазъи бадтар аз ин рӯ ба рӯ мешавад.

Омодагӣ барои ҷанги хунин?

Эълони ба таъвиқ уфтодани ҳамла болои таъсисоти энержии Эрон, агар аз як тар аф “ақибнишинӣ”-и Амрико дар ҷиҳати ҳифзи шариконаш аз ҳамла болои онҳо талаққӣ шавад, аз тарафи дигар фурсате барои омодагии ҷиддитари он ба таҷовузи густардатар қаламдод шуда, ки интиқоли нерӯи низомии бештари амрикоӣ ба Ховари Миёна чун далеле бар фарзияи дувумӣ истифода мешавад. Ин тасмим шомили интиқоли беш аз 2 000 нерӯи низомии дарёӣ ва садҳо киштӣ ба Ховари Миёна аст, ки дар 18-уми март рӯйи кор омадааст, ҳол он ки низомиёни амрикоии мустақар дар Ховари Миёна аз 40 то 50 ҳазор гуфта мешаванд. Тасмими мазкур панҷ рӯз қабл аз ба таълиқ даровардани ҳамла болои таъсисоти энержии Эрон иттихоз шуд, ки далели мантиқии иқдомоти ҷиддитари Амрико барои тадовуми ҷанг дар Эрон хоҳад буд.

Ба назари коршиносони низомӣ, Эрон дар ҷанги клоссикӣ (conventional warfare) қудрати рӯёрӯӣ бо Амрикоро надорад, аз ин рӯ, истифода аз аҳроми фишори иқтисодӣ дар ин ҷанг ҷойгоҳи Эронро тақвият мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҳадс зада мешавад, ки пас аз анҷоми муҳлати даҳрӯза Амрико бо нерӯи бештар иқдом ба ишғоли ҷазираи Хорг, аз тавобеи устони Бушаҳр хоҳад кард, то аз он ба унвони ҳирами фишор барои боз кардани тангаи Ҳурмуз кор гирад. Ба иттилои манобеи ғарбӣ, 90 дарсади нафти хоми Эрон аз ин ҷазира бармехезад. Аммо ишғоли он барои Амрико кори саҳлу содае нахоҳад буд, зеро ба навиштаи “Daily Mail”, “нерӯҳои амрикоӣ ниёз ба садҳо километр киштиронӣ аз тариқи тангаи Ҳурмузи маргборро доранд”, то ба ин ҷазира бирасанд. Дар ҳамин ҳол, Фил Инграм, сарҳанги мустаъфии англис дар суҳбат бо “Телеграф” гуфтааст, “ворид шудан ба он ҷо ва ҳифзи ҷазира ҷанги хунинеро ба дунбол хоҳад дошт. Амрикоиҳо… бояд барои аз даст додан, захмӣ ё кушта шудани 10-20 дарсад аз нерӯҳои худ омода бошанд”.  

Ин тарфанди Амрико, бешак, барои мақомоти эронӣ чун сир боқӣ намондааст. Зеро ҳанӯз аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба ин сӯ мақомоти эронӣ ба тааҳҳудҳои Амрико ба чашми шак менигаранд. Хуруҷи яктарафаи Амрико аз БарҶОМ ва таҷовуз ба хоки Эрон дар тобистони соли гузашта дар зимни музокироти ҳастаии Теҳрону Вашингтон бори дигар бадаҳдии Амрикоро барои онҳо собит кард, ки натиҷаи мушаххасеро аз гуфтугӯҳои ахир интизор надоштанд, ҳол он ки анҷоми бесуди онҳо барои тарафҳо собит шуда. Ба ҳамин далел аст, ки расонаҳо аз эъзоми нерӯи низомии бештар ва падофанди ҳавоии эронӣ ба ҷазираи Харг хабар медиҳанд ва ҳатто минкории роҳҳои расидан ба онро такзиб намекунанд. Дар ин зимн Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси парлумони Эрон гуфтааст, агар қадаме бар ин ҷазира аз тарафи амрикоиҳо гузошта шавад, зерсохтҳои ҳаётии кишварҳои минтақаро бидуни маҳдудият ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ба ин далоил, метавон ҳадс зад, ки агар шурути Амрико тағйир накунанд, минтақа вориди даргирии шадиде хоҳад шуд, ки кишварҳои ҷадидро ҳам ба унвони тараф ва ҳам ба унвони ҳадаф ба коми худ мекашад. 

Урупои берун аз машварат

Идомаи ҷанг ба ин шева ба суди Амрико ва ҳич кишвари урупоие нахоҳад буд. Зеро бо баста боқӣ мондани тангаи Ҳурмуз иқтисоди ин кишварҳо бори гаронеро мутаҳаммил мешавад. Ба унвони мисол, пас аз изҳороти Саид Аббоси Ироқчӣ дар бораи қатъи музокира бо Амрико қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ се дарсад боло рафт. Ин дар ҳолест, ки феълан вобастагии Иттиҳоди Урупо аз маводи нафтӣ 57 дарсад гуфта мешавад, ки танҳо 16 дарсади онро Амрико таъмин мекунад. Бар асоси додаҳои Шохиси мудирияти харидорӣ, то кунун ҷанги Амрико ва Эрон мунҷар ба расидани қимати коло ба болотарин сатҳ дар бозори Урупо дар се соли ахир шуда, ки идомаи он рукуди таваррум дар ин минтақаро рақам мезанад. Ҳол он ки бастани тангаи Ҳурмуз феълан 35 дарсад қимати газро дар Урупо афзуда, ки ин вазъ ҳатто бадтар аз буҳрони сӯхт дар соли 1970 гуфта мешавад.

15-уми апрели имсол Кумиссиюни Урупо тайи ҷаласае бояд масъалаи даст кашидан аз нафти Русияро ба сурати қонунӣ таъйид мекард. Аммо ҷаласаи мазкур бидуни он ки рӯзи дигаре барои баргузории он таъйин шавад, мавқуф гузошта шуд. Ҳарчанд ҳарфи мушаххасе дар бораи сабабҳои ба таъвиқ уфтодани ҷаласа гуфта нашудааст, аммо ҳадс мезананд, ки азсаргирии харидории нафти Русия ба унвони як гузинаи эҳтиётӣ то замони ҳалли қазияи тангаи Ҳурмуз боқӣ мемонад. 

Бархе аз мақомоти урупоӣ ба ин назаранд, ки ин таҷовузи Амрико ба Эрон бидуни машварат бо онҳо сурат гирифтааст ва онҳо наметавонанд дар ин ҷанг дахил бошанд. Гузашта аз ин, бархе сиёсатмадорони урупоӣ дар маҷмуъ ҷонибдори роҳбурди Амрико барои тағйири низоми сиёсӣ дар Эрон ҳастанд, аммо аз роҳкори он дар ҷиҳати барандозии низом ба далели нокомии чунин рӯйкардҳо дар нисбати Афғонистон, Ироқ ва Либӣ ҳимоят накардаанд. Аз ин рӯ, мақомоти урупоӣ феълан таъкид бар ҳалли мусолиматомези масъала мекунанд. Аммо мавзеъгирии мақомоти урупоӣ метавонад қобили тағйир бошад, зеро амнияти ин кишварҳо бо вуҷуди НАТО гиреҳ хӯрдааст ва Амрико аз лиҳози молӣ нақши бештаре дар таъмини молии ин паймони низомӣ дорад, ки дар ҳар лаҳзаи мумкин метавонад аз ин имкон истифода кунад. Ҳудуди ду сол қабл Амрико хостори тахсиси пули бештар аз кишварҳои урупоӣ барои НАТО шуд, ки дар аввал ин кишварҳо дархости Трампро рад карданд, вале баъдтар Вашингтон бо таҳдиди вогузории таъмини амнияти ин кишварҳо ба худи онҳо шарикони урупоияшро “розӣ” кард. 

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав

Тарҳи Ховари Миёнаи Нав ё Ховари Миёнаи Бузургтар аз тарҳҳоест, ки зимни таҳоҷуми Амрико ба Ироқ дар соли 2003 муаррифӣ шуд. Он кишварҳои арабӣ, шимоли Африқо, Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Исроил ва Қибрисро шомил мешавад. Аммо дар зимни пиёда кардани ин тарҳ, ки аз Ироқ шуруъ шуд, ҳарҷу марҷи зиёде ба вуҷуд омад. Амрико бо баҳонаи силоҳи ҳастаӣ вориди Ироқ шуд, аммо пас аз қатли Саддом Ҳусейн тавсеаи демократия онро барои солҳои тӯлонӣ он ҷо мустақар кард. Вале ин вазъ дар асл чанддастагиеро дар ҷомеаи Ироқ ба вуҷуд овард, ки аз он Эрон ҳам истифода ва дар Ироқ нерӯи ниёбатӣ пайдо кард. Метавон гуфт, ин тарҳ боис шуд, то се қудрат – Амрико, Исроил ва Эрон дар аввал ба сурати ниёбатӣ ва баъдан мустақим вориди даргирӣ шаванд. Пас аз Ироқ Сурия ҳадафи Амрико қарор гирифт, ки ахиран Эрон дар ин ҷабҳа дар рӯйёрии ниёбатӣ Димишқро бохт, аммо дар Яман нуфузи худро тақвият кард. Аз тарафи дигар ҳамлаҳои паёпай ва ғосибонаи Исроил ба хоки Лубнон, куштани саркардаҳои “Ҳизбуллоҳ” ва тарҳи халъи силоҳи ин ҳизб аз дигар барномаҳои тазъифи нерӯҳои ниёбатии Эрон дар минтақа барои роҳандозии роҳати Ховари Миёнаи Ҷадид аст. Аммо оғози ҷанги миёни Эрон ва Амрико, бахусус ҳамлаҳои Эрон ба хоки кишварҳои минтақа масъаларо печидатар кард. Феълан дар миён ду масъала матраҳ аст, ки яке дин, фарҳангу ҳамҷаворӣ аст ва дувумӣ амният. Печидагии қазия ин аст, ки кишварҳои Ховари Миёна, бахусус Халиҷи Форс аз лиҳози фарҳангӣ-динӣ ба Эрон қаробат доранд, вале аз лиҳози амниятӣ ба Амрико. Бинобар ин, ин кишварҳо дар дуроҳаи интихоб боқӣ мондаанд: ҳамроҳӣ бо Исроилу Амрико ё таҳрим ва соири рискҳоеро, ки аз ҳамроҳӣ накардани ин ду кишвар дар рӯ ба рӯи онҳо қарор мегирад.

Ин вазъ дар ҳолест, ки кишварҳои арабӣ таъсиси Исроил дар минтақа, низоъҳои миёни он ва кишварҳои арабӣ, балъидани Фаластин, ғасби хоки Сурия ва Лубнон аз тарафи Исроил, ҳамлаи Телавив ба Қатарро фаромӯш накардаанд. Аз тарафи дигар иқдомоти Эрон дар баробари кишварҳои мантақа, бахусус ҳадаф қарор додани хоки онҳо бо далели вуҷуди амволи амрикоӣ шакку гумонҳоро нисбати ин кишвар низ бештар карда, ба ҳадде, ки мегӯянд, “Эрон хатти қирмизро гузашт”. 

Ба ҳар сурат, ҷанги Амрико бо Эрон идомаи масири муборизаи истеъмор бо истиқлол хоҳад буд, ки дар сурати пирӯзии аввалӣ кишварҳои минтақа бо истиқлол хайрбод хоҳанд гуфт ва дар садри марҳалаи ҷадиди истеъмор дар Ховари Миёнаи Нав Исроил қарор хоҳад гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон аз ҳуши сунъӣ барои мудирияти об истифода мекунад

Созмони Милали Муттаҳид аз истифодаи зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани мудирият ва назорати захираҳои об дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад.

Ҷое, ки пои пулис нарасад, пои “дрон” мерасад. Равиши нави пулиси Русия ҳангоми “рейдҳо”

Мақомот дар Русия барои анҷоми тафтишу бозрасии муҳоҷирон аз паҳподҳои дурбиндор (дронҳо) истифода мебаранд.

Бо баҳонаи кумак даҳҳо ҳазор долларро аз худ кардааст

Дар Дубай нишаста, мардумро бо баҳонаи хариди тилло ва дигар ашёи қиматбаҳо фиреб дода, даҳҳо ҳазор долларро соҳиб шудааст.

Шартҳои Амрико ва Эрон барои поёни ҷанг маълум шуд

Ҷанги Амрико ва Исроил бар зидди Эрон ба марҳилаи нав ворид мешавад. Тарафҳо аллакай шартҳои худро барои поёни ҷанг рӯи миз гузоштанд.