2.9 C
Dushanbe

Истеҳсоли гушту тухми мурғ афзоиш ёфт, вале нарх дар осмон

Ба гузориши расонаҳои давлатии Тоҷикистон имсол истеҳсоли гушт ва тухми мурғ дар кишвар афоиш ёфтааст. Аммо нархи ин маҳсулоти мурғӣ аз солҳои қаблӣ ба маротиб гаронтар шудааст.

Акс аз Интернет

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят доранд, ки гушти мурғ чанде пеш дар бозорҳои кишвар 23 сомонӣ буд, вале баъд аз оне ки истесоли он дар кишвар афзоиш ёфтааст, ба ҷои он ки арзон шавад, баракс, ҳоло як килои он ба 40-43 сомонӣ расидаст.

Як корбар бо номи Шоҳин Облоқулзода дар саҳифаи фейсбукияш навишта, ки “худи ҳамин рӯз (25.10.2022) як баста тухм нархаш дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳри Панҷакент 44 сомонӣ ва гӯшту почаву ким кадом узвҳои дигараш аз 23 сомонии қаблӣ, ба 40- 43 сомонӣ расидааст?!”

Дар зери ин пос шаҳрвандон аз ҳар гӯшаву канори кишвар нарху навои гушту тухми мурғро навиштаанд. Аксари корбарон аз мақомот мепурсанд, модом истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар рӯз ба рӯз афзоиш меёфта бошад, пас чаро нархи он ба маротиб гаронтар шудааст?

Ба гуфтаи баъзе корбарон, замоне ки иҷозат шуд тухми мурғ аз Узбекистон ворид шавад, як қутти 30-донагӣ дар бозор хеле поин рафт, аммо масъулон онро бар зарари худ дарёфта, воридоти онро боздоштанд.

Корбаре бо номи Ҷовиди Аштӣ менависад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 51 корхонаи парандапарварӣ вуҷуд дорад ва дар маҷмуъ дар вилояти Суғд чунин корхонаҳо аз 100 адад ҳам бештар аст, вале бо вуҷуди ин миқдор корхона 1 дона тухм 1 сомну 40 дирам аст, ки 1 қуттии 30-донигияш 42 сомонӣ мешавад.

Ҳамчунин Лаззат Диловарзода менависад, ки “Қиммати тамоми махсулот чи гушту тухм ва чи хуроквори аз тарафи монополистони ватани боло бурда мешавад. Хама чиз монополия шудаги ва монополистон хеч касро чуз хамсарашон гуш намекунанд. Дар кишвар макомоти фаъолияти монополистонро месаечидаги нест, хаст аммо аз мансабаш метарсад. Кадом рузе хамаи мургхо вориди шахр мешаванд ва худашон шарх медиханд, ки бадномкунандаи онхо ки аст?”

Тавре ютуб-канали “Экономика TJ” рӯзи 25-уми октябри соли ҷорӣ нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалро аз бозори “Сафариён”-и шаҳри Душанбе нашр кардааст, як қуттии тухми 30-донагӣ 42-45 сомонӣ гуфта мешавад.

Ба иттилои “Экономика TJ”, як халта орди навъи 1-ум 320-330 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ 90-120 сомонӣ, шакар 11-12 сомонӣ, гушти гов 60-67 сомонӣ, картошкаву пиёз 4 сомонӣ, сабзӣ 3.5 сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Алишер Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар умури сохтмон ва замин боздошт шудааст.

Уммон: “пешравиҳои мусбат” дар музокироти Эрону Амрико дида мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Уммон дар пайи гуфтугӯҳои ахири ғайримустақими Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Женева аз "омодагии бесобиқа"-и ду тараф хабар дод.

Садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина "Хочу жить" кушта шудани ҳудуди 1400 зархаридро аз Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Русия алайҳи Украина меҷанганд, тасдиқ кардааст.

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.