Истирдоди боз як зодаи Бадахшон аз Русия

Амид Алифшоев, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз Маскав иҷборан ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.

Акс аз Радиои Озодӣ

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш хабар медиҳад, ки рӯзи 22-юми ноябр “чанд шахси ниқобпӯш” бо зӯр ба хонаи Амид Алифшоев, ки дар шаҳри Маскав будааст, даромада ӯро бо худ мебаранд.  

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз чанд рӯз худаш занг зада гуфтааст,  ки дар фурӯдгоҳ дар ҳоли истирдод ба Тоҷикистон аст.

Мақомотҳои Русия ва Тоҷикистон мисли ҳамеша боздошту истирдоди зодагони Бадахшонро шарҳ намедиҳанд.

Гуфта мешавад, Амид Алифшоев сокини маҳаллаи “Хлебзавод”- шаҳри Хоруғ мебошад ва панҷ сол пеш Тоҷикистонро тарк карда, барои кору зиндагӣ ба шаҳри Маскави Русия рафта буд.

Пайвандонаш низ сабаби боздошту истирдоди иҷборӣ ва ба чӣ айб гумонбар будани Алифшоевро намедонанд. Ба гуфтаи пайвандонаш ӯ ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надоштааст, ки чизе алайҳи ҳукумат ва ё сиёсати давлат бигӯяд.

Баъд аз ҳодисаҳои ахир дар ВМКБ, мисли Амид Алифшоев даҳҳо зодаи ин вилоят дар Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд, ки мақомоти тоҷик бо иттиҳомоти сохта аксари онҳоро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.