Шабакаи Ютуб дар як баёнияи ахири худ эълом кард, ки аз ин ба баъд ҳаргуна муҳтавои зидди воксинро масдуд мекунад.
Акс: ИнтернетМасъулони Ютуб сабаби масдуд кардани муҳтавои зидди воксинро ба хотири интишори “иттилооти нодуруст” дар ин платформа арзёбӣ кардаанд.
Дар баёнияе, ки Ютуб рӯзи чаҳоршанбе 29-уми сентябр нашр кард, омада, ки ин ширкат “муҳтавоҳоеро, ки ба унвони мисол иддао мекунанд тазриқи воксини зидди COVID-19 ба бенасл кардан оварда мерасонад ва ё тазриқи воксинҳои таркибӣ, аз ҷумла “MMR” бар зидди бемории сурхча ба бемории “Аутизм” мунҷар мешавад, пок мекунад.