24.9 C
Dushanbe

КДАМ: Вазъ дар марз бо Афғонистон нигаронкунанда аст

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бесуботӣ дар марз бо Афғонистонро нигаронкунанда хонда, онро як таҳдид барои кишварҳои минтақа арзёбӣ кардааст.

13-уми окятбри соли ҷорӣ Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давалатии амнияти миллии Тоҷикистон дар 17-умин нишасти сарони хадамоти амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки вазъи кунунии Афғонистон на фақат ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои пасошӯравӣ як таҳдиди амниятӣ аст.  

Раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ки дар Маскав дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, баъзе кӯшишҳое ба назар мерасад, ки террористон аз фурсат ва дини ислом истифода карда, мехоҳанд вазъиятро дар минтақаи мо ноором кунанд.

Вай гуфт: “Мо бар ин бовар ҳастем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, чунин вазъият барои тамоми собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус дар минтақаҳое, ки аксари аҳолии онҳо мусулмон ҳастанд, як таҳдид аст.”

Дар навбати худ Президенти Русия Владимир Путин, ки дар ин нишаст онлайнӣ ширкат мекард, гуфт, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон барои мо бефарқ нест ва мо якҷо бо кишварҳои узви ИДМ онро назорат мекунем.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 18 то 28-уми октябр наздик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо истифода аз нерӯ, васоили таъмини моддӣ ва техникӣ аз тарафи (ОДКБ) Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ машқҳои низомӣ дар назар аст.

Вазъият дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳанӯз аз моҳи майи соли ҷорӣ замоне, ки ҳузури нерӯҳои Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон густариш ёфт, тағйир кард ва нигаронии мақомоти Тоҷикистонро рӯз то рӯз шиддат бахшид.

15-уми августи соли ҷорӣ президенти қаблии Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвараш ба Аморати Мутаҳидаи Араб фирор карду ҳамон рӯз Толибон эълон карданд, ки қудрат дар ин кишварро пурра тасарруф карданд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.