Изҳороти ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон

Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон бо интишори як изҳороти расмӣ аз журналистони мушту лагадхӯрда ҳимоят намуда, вале номҳои рӯзноманигор ва блогери боздоштшударо зикр накарданд.

Ҳушом Ғулям, блогери тоҷик, ки зиёда аз ду ҳафте пеш тавассути мақомот боздошт шудааст

Имрӯз, 6-уми июни соли 2022 ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон бо шумули рӯзномаи расмии Парлумон ва ҳафтаномаи ҳизби ҳоким таъқибу фишор ва зӯроварӣ нисбати журналистонро маҳкум карданд.

Дар изҳорот таъкид шудааст, ки:                                                                       “1. Фишору таҳдид ва таъқибу лату кӯби журналистон дар Тоҷикистон бас карда шавад;                                                                 2. Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд;                                                                3. Омилони нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон, аз ҷумла Муллораҷаб Юсуфзода ва Далери Имомалӣ пайдо ва мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;                4. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Дар ҷамъи ин ниҳодҳое, ки дар шаҳри Душанбе зери ин изҳорот ҳамовозӣ кардаанд, 10 созмони журналистӣ ва ҳафтаномаҳои чопи Душанбе имзо гузоштаанд. Аммо аз созмонҳои рӯзноманигории маҳаллӣ ва расонаҳои минтақавӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеч ному нишоне дида намешавад.

Рӯзноманигорон Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анушерон Орипов

Инчунин дар бораи боздошти журналист Улфатхоним Мамадшоева ва блогер Ҳушом Ғулям, ки ҳар ду зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд ва пас аз ҳодисаҳои хунини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ боздошт шудаанд, ҳеч ишорае ҳам дар матни ин изҳорот дида намешавад.

Созмонҳо ва идораи расонаҳое, ки ба сурати муштарак ин изҳоротро содир кардаанд, номи онҳо ба шакли зайл оварда шудааст :

1. Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон;

2. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон;

3. Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон;

4. Созмони ҷамъиятии “Хома”;

5. Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”;

6. Медиа Алянси Тоҷикистон;

7. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”;

8. Рӯзномаи “Садои мардум”;

9. Ҳафтаномаи “СССР”;

10. Ҳафтаномаи “Минбари халқ”.

Ҷолиб он ки дар ҷамъи ин изҳорот рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон ҳам ҳамроҳ шуда, хушунат алайҳи рӯзноманигоронро маҳкум кардааст. Аммо Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ин рӯзнома аз онҳо намоядагӣ мекунад, то ҳол расман н ҳодисаҳои Бадахшонро маҳкум кардаанду на боздошти фаъолон ва рузноманигорону блогерони бадахшониро.

Рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ

Гуфта мешавад, ду рӯз пеш рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ барои панҷ соат боздошт шуд ва иддао кард, ки дар замони боздошт чанд шаппотӣ ва муште ҳам як корманди мақомот ба сару рӯяш задааст.

Аммо то ҳол Далери Имомалӣ, ки мавриди латукӯб қарор гирифтааст, номи шиканҷагаронро дар расонаҳо зикр накардааст. Бо ин вуҷуд, ин ҳодиса вокуниши корбарон ва созмонҳои журналистиро ба вуҷуд овардааст.

Инчунин Саидҷаъфар Исмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон ҳам бо интишори номае аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ки ба қазия дахолат кунад, вале он ҳам дар бораи боздошти фаъолони бадахшонӣ, рӯзноманигорон ва блогерони ВМКБ чизе нагуфтааст.

Журналист ва фаоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева

Аз тарафи дигар корбарони маснуб ба “фабрикаи ҷавоб”, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон идора мешавад, бо нашри баъзе матолиб ва наворҳо ба маҳкум кардани худи ҷабрдида Далери Имомалӣ пардохта, алайҳи ӯ ва касоне, ки аз ин қазия ҳимоят мекунанд, сангар гирифтаанд.

Гуфта мешавад, аксари ин созмонҳо, расонаҳо ва корбароне, ки ба қазияи Далери Имомалӣ вокуниш кардаанд, дар ҳодисаҳои 3 ҳафтаи ахир дар ВМКБ ва қатли оми эътирозгарон, боздошти рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоев ва блогер Ҳушом Ғулям дар даҳон об гирифта буданд, ба назар мерасад, акнун ба хотири дур задани афкори омма аз ин ҷиноятҳои мудҳиши мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон садояшон баромадааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парлумони кишвар қонуни авфро қабул ва Эмомалӣ имзо кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун "Дар бораи авф"-ро баррасӣ карданд.

Радиои Озодӣ дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад?

Радиои Озодӣ дари идораи марказии худ дар шаҳри Душанберо мебандад ва дигар дар дохили Тоҷикистон фаъолияти журналистӣ карда наметавонад.

Дар пайи эътирозҳо барои ҳуқуқи занон дар Ҳирот навраси 16-сола ҷон бохт

Муртазо, яке аз иштирокчиёни 16-солаи эътирозҳои ахир дар Ҳирот, ки зимни пароканда кардани тазоҳуркунандагон аз ҷониби Толибон захмӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар бемористон даргузашт.

Путин муҳлати ташхиси ҳатмии муҳоҷиронро дар Русия то 30 рӯз коҳиш дод

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тартиби гузаштани ташхиси ҳатмии тиббии шаҳрвандони хориҷиро сахттар мекунад.