Ҷанозаи додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон

Ҷанозаи додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, ки бар асари беморӣ вафот карда буд, дар зодгоҳаш дар вилояти Хатлон ба хок супорида шуд.

Имрӯз, 12-уми декабри соли 2022, ҷанозаи Ҳусейн Асадуллозода, додари ҳамсари Президенти Тоҷикистон дар зодгоҳаш, дар маҳаллаи Чапаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон ба хок супорида шуд.

Ҳар чанд Ҳусейн Асадуллозода, мисли бародари дугоникаш Ҳасан Асадуллозода шинохта шуда набуд, вале ҷанозаи ӯ бо ҳузури хеле аз афроди калидии оилаи ҳукмрон, кормандони давлатӣ ва мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин бародари хонум Азизмо Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ба мисли дигар бародаронаш низ ба тиҷорат машғул буд ва ӯ раҳбари ширкати “Нафтарасон”, яке аз ширкатҳои таъминкунандаи фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба хариду фурӯши маҳсулоти нафтӣ машғул аст.

Гуфта мешавад, Ҳусейн Асадуллозода, чанд муддат инҷониб дар бемористоне дар Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон бистарӣ буд ва аз бемории қалб ранҷ мебурд, ва ба қавли “Радиои Озодӣ” вай шаби 11-уми декабри соли ҷорӣ дар бистари беморӣ вафот карда буд. Ҷасади ӯро дирӯз ба Тоҷикистон интиқол дода, субҳи имрӯз ба хок супориданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.