Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишвар ва меҳмононро аз боиршоти сахт ҳушдор медиҳад.
КҲФ дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 10-12 майи соли 2024 дар аксар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “(шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Дарбанд, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Лучоб, Қаратоғ), дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ ва Даштиҷум), дар вилояти Суғд (шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт) ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ) бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола дар назар дошта шудааст.”
Ин ниҳод таъкид карда, ки ба эҳтимоли хеле зиёд чунин боронҳои сахт “дар манотиқи ёдшуда метавонанд боиси омадани селҳо шаванд.” Ва ҳамзамон дар рӯзҳои 10-12 майи соли ҷорӣ болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои кишвар низ пешгӯӣ мешавад.