Вокуниши Кабирӣ ба изҳороти ахири Эмомалӣ Раҳмон

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва ҳамзамон раиси Паймони миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмон, ки ҲНИТ-ро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ хонд, гуфт, ки ӯ ҳодисаҳоро яктарафа баҳо дода, иттиҳоми сохтаро дар зеҳни ҷомеа ҷо мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи панҷшанбе, 17-уми ноябр дар тамос бо Azda tv иттиҳомоти Эмомалӣ Раҳмонро, ки дирӯз ҲНИТ-ро сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ хонд, рад карда афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон аз худи Раҳмон шуруъ карда, то дастгоҳи таблиғотии он ва инчунин ба ном баъзе коршиносон ё мухолифини мухолифин ҳама якҷоя талош доранд, ки ин иттиҳоми сохтаро дар зеҳни ҷомеа ҷо кунанд.

Аммо, ӯ мегӯяд, ҳанӯз ҳам ҳастанд шоҳидони зиндае, ки ҳодисаҳои 30 соли пеши Тоҷикистонро аз наздик ё дур пайгирӣ мекардаанд, онҳо сабабҳои аслии он ҳодисаҳоро хуб медонанд, ки он “як табаддулоти низомӣ буд аз тарафи қудратҳои минтақа барои он ки дар Тоҷикистон як давлати воқеан ҳам миллӣ ва мустақил шакл нагирад. Миллати тоҷик табдил ба як миллати пешрафта ва миллати мустақил шавад, ки мутаассифона, имрӯз баъд аз 30 сол ҳам мо мебинем, ки он касоне, ки дунболи ин ҳадаф буданд, ба ҳадафашон расида истодаанд. Яъне ҳанӯз ҳам Тоҷикистон қашоқтарин давлати минтақа, дорои як низоми худкомаи фасодзада аст ва миллат ҳам пароканда ва заиф, нисфаш муҳоҷир ва нисфаш дар ҳолати хафақон қарор дорад.”

Ӯ гуфт, ҳамеша ҳамаи айбро бар дӯши ҲНИТ бор кардану худи раҳбарияти Тоҷикистон ва дигар масъулинро бегуноҳ донистан, “ин як навъ масъулиятро аз дӯши худ соқит кардан аст.“

Кабирӣ аз он нафароне, ки аз воқеиятҳои 30 соли пеш ба хубӣ огоҳанд, хост, ки “бояд тамоми талошро кунанд, ки ҷомеа аз асли кор бохабар бошад ва иҷозат надиҳанд, ки як гурӯҳ битавонад ривояти худро болои зеҳни ҷомеа таҳмил кунанд.”

Раҳбари ҲНИТ бо ишора ба мақомоти Тоҷикистон гуфт, “Мутаассифона, то имрӯз эҳсос мешавад, ки онҳо яктарафа ва бо истифода аз он ки тамоми васоити таблиғотӣ дар ихтиёрашон аст ва аз тарафи дигар нерӯҳои мутсақил, нерӯҳои мухолиф ва коршиносони мустақил дасткӯтоҳ ҳастанд ва марказҳои имлӣ ва таҳлилӣ вуҷуд надорад, бо истифода аз ин вазъият талош мекунанд ҳодисаҳоро яктарафа баҳо бидиҳанд.“

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.