19.9 C
Dushanbe

Қарори донишгоҳҳо: донишҷӯён бояд дар дохил ва хориҷи донишгоҳ ниқоби тиббӣ пӯшанд

Донишҷӯёни бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири надоштани ниқоби тиббӣ ва риоя накардани қойдаҳои беҳдоштӣ ҷарима мешаванд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ ва Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, маъмурияти донишгоҳҳо аз онҳо баёнот гирифтаанд, ки дар дохил ва хориҷи донишгоҳ бо ниқоб мегарданд, қойдаҳои беҳдоштиро риоя мекунанд, дар ҳолати риоя накардан ҷазо медиҳанд, ё аз донишгоҳ хориҷ мекунанд.

Қобилҷон Хушватзода, ректори ДМТ ин ҳолатро тасдиқ карда ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Ҳадаф танҳо огоҳ кардан аст, масъалаи хориҷ кардан дар миён нест. Ин тартиб муваққатӣ аст, то вақте ки ҳама чиз ба ҳолати пешина баргардад. Ҳамин қадар гуфтем, аммо донишҷӯён пӯшидани ниқоби тиббиро риоя намекунанд. Дар дохили синф мепӯшанд, аммо чун ба берун мебароянд, боз ниқобро мегиранд. Баъзеи онҳо бемориро бе нишона мегузаронанд, аммо метавонанд онро ба дигарон паҳн кунанд. Ба ин хотир донишҷӯён имзо гузоштанд, ки гигиенаи шахсиро риоя мекунем ва ниқоби муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ мепӯшем”, гуфтааст, Хушвахтзода.

Қобилҷон Хушватзода, ректори нави ДМТ

Дар Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон низ тасдиқ кардаанд, ки аз донишҷӯён баёнот гирифтаанд, дар сурати риоя накардан нисбати онҳо чораандешӣ хоҳанд кард.

Манучеҳр Мирафшозода, як масъули Донишгоҳи аграрӣ ба Озодӣ гуфтааст:

“Дар сурати напӯшидани ниқоб аввал баёнот мегиранд ва агар боз ҳам ин ҳолат такрор шуд, нисбат ба донишҷӯ “чора меандешанд”,

вале нагуфтааст, чӣ чора.

“Дарсҳо низ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ мегузаранд. Аввал дар як миз ду нафар менишаст, мо ба роҳ мондем, ки як миз пас донишҷӯён менишинанд ва инро риоя мекунанд.” Иброз доштааст, масъули Донишгоҳи аграрӣ.

Гуфта мешавад, донишгоҳҳо низ яке аз ҷойҳои серодам ва зиёд ҷамъшавӣ ба мисли бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳастанд, ки хатари паҳншавии каронавирус ба гуфтаи мутахасисон зиёд аст.

Акс: Озодӣ

Дар муасисаҳои таълимии Тоҷикистон бар асоси дастури Вазорати маориф ва илм, дар замони пандемия бояд фосилаи иҷтиморо риоя кунанд ва вобаста ба имконоти доштаашон  дарсҳоро дар се баст ба роҳ монанд.

Тибқи омори расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон дар   Тоҷикистон 40 донишкада ва донишгоҳ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 200 ҳазор дониҷӯй таҳсил доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боҷи 100 дарсадӣ — посухи Трамп ба назоратҳои нави Чин бар металҳои нодир

Доналд Трамп эълон кард, ки аз 1-уми ноябр ба ҳамаи молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ ҷорӣ хоҳад кард.

Хотимаи ҷанги Покистону Толибони Афғонистон

Шаби 11 ба 12-уми октябри соли ҷорӣ миёни нерӯҳои марзбонии Покистон ва Толибони Афғонистон задухӯрдҳои шадид рух доданд.

ҲАМОС 20 асирро зинда ба Исроил супорид

Мувофиқи бандҳои тарҳи оташбас субҳи рӯзи душанбе, 13-уми октябр ҲАМОС 20 асири исроилиро ба намондагони Салиби Сурх таҳвил дод.

Боздошти як сокини пойтахт ҳангоми фурӯши маводи мухаддир

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз иҷрои як амалиёти махсус бар зидди маводи мухаддир хабар дод.