27.9 C
Dushanbe

Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтуда-1” боз афзоиш ёфт

Қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”  то рӯзи 31 марти соли 2021 ба 1,73 млрд сомонӣ (зиёда аз 153 млн доллар) расидааст. Дар ин бора “Asia-Plus” хабар дод.

Бино бар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1”, ин нерӯгоҳ дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2021 ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 556 млн кВт/соат нерӯи барқ фурӯхтааст .

Мувофиқи нақша, “Барқи тоҷик”, ки ягона харидори барқи ин нерӯгоҳ аст, дар ин давра бояд 605 млн кВт/соат нерӯи барқ мегирифт.

Дар моҳҳои январ-марти соли равон НБО “Сангтӯда-1” ҳамагӣ 38,7% аз иқтидори насбшудаашро истифода бурдааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 44,5%-ро ташкил дода буд.

Дар ин давра қарзи “Барқи тоҷик”ба миқдори 135,96 млн сомонӣ (беш аз 12 млн доллар) афзудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Барқи тоҷик” аз аввали соли 2021 ба ҳисоби миёна, 32,4% аз арзиши барқи таҳвилшударо пардохт намудааст.

ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1” корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии нерӯгоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст. Иқтидори насбшудаи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Густариши ҳамлаҳои Исроил ба дохили Лубнон

Танишҳо низомӣ миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон шиддат гирифтааст.

Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд.

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.