Кашфи нигораҳои даврони Оли Сомон

Акс аз сомонаи “Sputnik” гирифта шудааст

Дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳо ва архитектураи сохтмонии даврони Сомониён, якчанд нигораҳои сафолини бозмонда аз замони Сомониён, ҳамчунин шишапораҳое, ки дар ҳамон замон аз онҳо зарф омода мегардид, дарёфт шудааст. Дар ин бора маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.

Ҳайати бостоншиносон, ки ба ҳафриёти ин қисмат аз мавзеи таърихӣ машғуланд таҳти роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих Нуриддин Сайфуллоев амал мекунанд.

Гуфта мешавад аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар фосилаи ду километр аз ҳамдигар дур ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номбар шудаанд.

Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард, дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти «Узун» ҷойгир шуда, масоҳаташ 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба қавли бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзиаш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

Тазаккур бояд дод, ки бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм доранд, ки дар ояндаи наздик инчунин дар мавзеи таърихии Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор ва мавзеи Корези ноҳияи Данғара низ ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносӣ дар ин мавзеъ аз 22 июни соли равон оғоз гардида буд, то 22 июл идома хоҳад кард.

Зимнан, қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ маросими таҷлил аз 5500 солагии Панҷекати қадимӣ бо иштироки коршиносону донишмандони арсаи таърих, бостонишиносӣ ва бо сарпарастии ЮНЕСКО-муассисаи илмиву фарҳангии СММ дар мавзеи Саразми Панҷекат доир бишавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.

“Кохи тамаддуни ориёӣ” дар Душанбе: таърихи тоҷикон ё ривояти Э.Раҳмон?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди наве дар робита ба ҳувиятсозии тоҷикон дар сархати расонаҳои давлатӣ қарор гирифт.

Кувайт сафорати худро дар Душанбе боз кард ва Истиқлоли Тоҷикистонро табрик гуфт

Давлати Кувайт сафорати худро дар шаҳри Душанбе расман ифтитоҳ карда, Муҳаммад Рошид Ал-Амириро ба ҳайси нахустин сафири худ дар Тоҷикистон таъин намуд.