9.9 C
Dushanbe

СММ: Русия бояд ба Украина ҷуброн бипардозад

Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бо қабули қатъномае аз Русия хост ҷуброни хасоротҳои воридкардааш ба Украинаро бипардозад.

Маҷмаи умуми СММ рӯзи 14-уми ноябр қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Русия вазифадор мешавад, барои нақзи қонунҳои байналмилалӣ дар ҳамла ба Украина ҷуброни хасорати воридкардаашро пардохт кунад.

Дар қабули ин қатънома аз 193 кишвари узв, 94 кишвар ба ҷонибдорӣ, 73 кишвар бетарф ва 14 кишвари дигар мухолифи он раъйи доданд. Ва дар ниҳоят бо 94 раъйи ҷонибдор қатънома қабул гардид.

Дар ин қатънома бар зарурати таъсиси “механизми байналмилалии ҷуброни хисорот, талафот ё осебе”, ки аз “амалҳои ғайриқонунӣ”-и Русия алайҳи Украина ба вуҷуд омадааст, таъкид мешавад.

Пеш аз қабули қаиънома сафири Украина дар СММ Сергей Кислитса гуфт, ки “Русия тамоми талоши худро барои нобуд кардани Украина дар ин ҳамлаҳо кардааст“. Вай аз бомборонҳои густардаи як моҳи ахири Русия ба шаҳрҳои Украина ёдовар шуда, афзуд, ки ин кишвар “роҳҳо, пулҳо, корхонаҳо ва нисфи шабкаҳои барқӣ, обанборҳои тавлиди барқро нобуд сохтааст.” Ӯ таъкид кард, ки “вақти он расидааст, ки Русия дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамалаҳои бедалел ва ҷиноятҳои кардааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад“.

Ҳамзамон сафири Русия дар СММ Василий Небензя қабули ин қатъномаро ғайриқонунӣ хонда, аз кишварҳои узви ин ниҳоди байналмилалӣ хост, мухолифи он раъй диҳанд.

Ӯ кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, ки хостаҳои худро алайҳи Русия бо ҳар роҳе мехоҳанд қонунӣ кунанд. Вай дар идомаи суҳбаташ ҳушдор дод, ки тасвиби қатънома “танҳо метавонад ташаннуҷ ва бесуботиро дар тамоми ҷаҳон афзоиш диҳад“. Ӯ ҷонибдорони ин қатъномаро ба даст доштан дар мусодираи ғайриқонунии дороиҳои Русия, ки мунҷамид шудаанд, муттаҳам кард.

Ёдовар мешавем, ки аз шуруи ҳамлаи Русия ба Украина, 24-уми феврали соли ҷорӣ ин бори панум аст, ки Маҷмаи умумии СММ алйҳи Русия қатънома қабул мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвози №1: Ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон аз Чин баргашт

Cомонаи "flightradar" нишон медиҳад, ки ҳавопаймои махсуси Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми феврал ба Чин парвоз карда, рӯзи 13-уми феврал ба Тоҷикистон баргаштааст.

Додситони кул тирпарронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз ҷузъиёти ҳодисаи тирпаронӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт.

Муносибати Тоҷикистону Чинро кӣ вайрон кардан мехоҳад?

Додситони кулли кишвар иддао дорад, ки бо ҳамла аз хоки Афғонистон мехоҳанд муносибати Тоҷикистону Чинро вайрон кунанд.

Дар соли гузашта 21 мансабдор бо ҷурми тасарруфи амволи давлатӣ боздошт шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти 21 мансабдоре хабар дод, ки дар соли 2025 даст ба дуздии амволи давлатӣ задаанд.