Пеш аз ин кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Русия низ дар минтақа бозорҳои электронии худро дар шабакаҳои ҷаҳонии Интернет таъсис дода, молу коло ва хадамоти зиёдеро пешкаши муштариёни худ қарор дода буданд.
Гуфтанист, бозорҳои электронии “Алибобо”-ву “Алиэкспресс” дар ибтидо аксар молу колоҳои Чин, “Эбай” аз Аврупову “Амазон” бештар аз Амикоро ба фурӯш мегузоштанд, аммо бо шарофати Интернет рӯз то рӯз ҳам хадамоти онҳо зиёдтар мешаванду ҳам бозори муштариёнашон дар тамоми кишварҳои дунё зиёдтар густариш пайдо мекунад.