Акс: ИнтернетРӯзи 18 ноябр соли равон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021-ро тасдиқ намуд, ки дар он гуфта мешавад нишондодҳои соли оянда аз 58 ба 60 сомонӣ афзоиш меёбад.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.
Аз 1 июли соли 2008 як нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.