Ҳайати музокиракунандаи Украина вориди хоки Белорус шудааст. Қарор аст музокироти намояндагони Маскав ва Киев тақрибан соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Русия, ёвари Президент Владимир Мединский хабар дод. Акс: ИнтернетВладимир Мединский, раҳбари ҳайти музокиракунандагони Русия Бино ба иттилои “РИА Новости” намояндагони Киев бо каме таъхир, вале ба макони таъйиншуда […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Ҳайати музокиракунандаи Украина вориди хоки Белорус шудааст. Қарор аст музокироти намояндагони Маскав ва Киев тақрибан соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шавад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Русия, ёвари Президент Владимир Мединский хабар дод.
Акс: ИнтернетВладимир Мединский, раҳбари ҳайти музокиракунандагони Русия
Бино ба иттилои “РИА Новости” намояндагони Киев бо каме таъхир, вале ба макони таъйиншуда пас аз лаҳзае мерасанд ва гуфтушуниди ҷонибҳо оғоз мешавад.
“Ҳоло мо маълумот гирифтем, ки онҳо тақрибан як соат пас мерасанд ва то соати 12 сари мизи гуфтушунид менишинем” гуфт ӯ.
Аз ин пеш Киев пешниҳоди Маскав дар мавриди гузаронидани гуфтушунид дар Минскро бо далели ин, ки нерӯҳои русӣ аз хоки Беларус ба Украина ҳамла мекунанд, рад карда буд.
Украина барои оғози музокирот бо Русия аз чанд шаҳри дигар дар ҳамсоякишварҳояш, аз ҷумла Варшава, Вилнюс, Будапешт ва Истанбул ном гирифта, гуфта буд, ки ба ғайр аз Минск омодааст, ки дар ҳар ҷои дигар бо Русия сари мизи музокирот бинишинад. Аммо баъдтар бидуни ҳеч пешшарти Маскав дар марзи Белорус бо Украина музокиротро пазируфт.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.