Марги 5 нафар дар як рӯз

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Расм аз khf.tj

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, 14-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:30 дар 65 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар минтақаи Майхураи ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ рӯх дод.

Гуфта мешавад, мошини боркаши тамғаи “Дулан Хова”, ки аз ҷониби сокини вилояти Хатлон идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе идораи мошинро аз даст дода, ба 10 мошини дигар бархӯрд. Бар асари ин ҳодиса мусофири яке аз мошинҳо, як сокини 50-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар ҷои ҳодиса ва мусофири дигаре дар бемористон ҷон додаанд. Панҷ мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба бемористони марказии ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.

Садамаи дуюми нақлиётӣ дар наздикии деҳаи Хуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ рух дод. Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯшон ба деҳаи Хуф ронанда низ идораи мошинро аз даст дода, ба чуқурии 100-150 метр ҷар шуд.

Бар асари ин ҳодиса ҳамаи нафароне, ки дар мошин ҳузур доштанд, ҷо ба ҷо ҷони худро аз даст доданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷузъиёт ва сабабҳои ин садмаи маргборро муайян мекунанд, омадааст дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.