Оғози марҳилаи ҷадиди даргириҳо дар Яман

Расонаҳо

Сарҳанг Яҳё Сареъ, сухангӯи ҳарбии Ансоруллоҳи Яман (Акс аз манбаъҳои боз)

Пеш аз ин рӯзномаи “Алахбор“-и Лубнон ҳам бо нашри як гузорише иддао карда буд, ки дар 7 соли гузашта нерӯҳои Эътилофи кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ мавриди ҳимояти Амрико қарор доштанд, аммо бо пешравиҳои Ҳусиҳо дар Яман акнун нерӯҳои амрикоӣ ҳам ба кумаки нерӯҳои ин эътилоф шитофта, дар устони Маъриб амалан вориди майдони ҷанг бо нерӯҳои “Ансоруллоҳ” шудаанд. Аммо ин иддаоро мақомоти амрикоӣ тасдиқ накардаанд.

Яман аз 2014 ба ин сӯ вориди ҷанги шаҳрвандӣ шудааст. Ин ҷанг байни нерӯҳо ва мувофиқони президенти фирории ин кишвар Абдулмансур Раббиҳи Ҳодӣ ва нерӯҳои Ҳусиҳои Яман, ки зери парчами “Ансоруллоҳ”, низомиёни вобаста ба ин гурӯҳ меҷанганд, ба майдони тохту тозҳои кишварҳои минтақа гардидааст.

Ҳусиҳои Яман аз нигоҳи мазҳабӣ пайравӣ аз мазҳаби Зайдии шиъаён мекунанд ва кишварҳои ғарбӣ, ба мисли Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва хеле аз расонаҳои ҷаҳонӣ ба мисли ББС, Садои Олмон, Алҷазира ва ғайра Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Эрон ҳам инро инкор намекунад.

Аммо аз сӯи дигар Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки дар он кишварҳое ба мисли Мисру Судон, Баҳрайну Амороти Муттаҳидаи Араб расман ҳузури низомӣ доранду мавриди ҳимояти Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, аз марти соли 2015 ба кумаки Абдулмансур Раббиҳи Ҳодӣ бархоста бар зидди Ҳусиҳо ҷанг мекунанд ва ба гуфтаи ББС дар ин 7 соли ҷанг беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазор каси дигар маҷрӯҳ ва бесарпаноҳ мондаанд.

Гуфта мешавад, ҳамлаҳои дирӯзи Ҳусиҳои Яман ба Амороти Муттаҳидаи Арабро, ки дар онҳо 3 нафар кушта ва 6 тани дигар захмӣ шуд, Амрикову Фаронса ва Исроилу Арабистони Саудӣ сахт маҳкум карда, гуфта буданд, ки дар канори шарики роҳбурдии худ дар минтақа ба қувват меистанд, аммо ҳамлаҳои имрӯзаи Эътилофи низомии кишварҳои арабӣ бо раҳбарии Арабистони Саудиро, ки дар натиҷа 23 нафар кушат ва даҳҳо каси дигар захмӣ ва бесарпаноҳ монд, то ҳол касе маҳкум накардааст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои АЗДО ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.