Хабар
УМУМӢ
Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо на барои ҳама
Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки наздики ду рӯз масдуд буд, танҳо барои мошинҳои мусофирбар барқарор шудааст. Акс: Интернет Тавре ба расонаҳо аз ширкати IRS иттилоъ додаанд, дар оғоз ҳаракати нақлиёт дар як самт – аз Хуҷанд ба самти Душанбе барқарор шуда буд. Баъд аз рафъи хатар, ҳаракати мошинҳо аз Душанбе ба Хуҷанд низ иҷозат […]
Ҳаракати мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки наздики ду рӯз масдуд буд, танҳо барои мошинҳои мусофирбар барқарор шудааст.
Акс: Интернет
Тавре ба расонаҳо аз ширкати IRS иттилоъ додаанд, дар оғоз ҳаракати нақлиёт дар як самт – аз Хуҷанд ба самти Душанбе барқарор шуда буд. Баъд аз рафъи хатар, ҳаракати мошинҳо аз Душанбе ба Хуҷанд низ иҷозат дода шудааст, аммо ҳоло танҳо барои мошинҳои сабукрав.
Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ, аз ҷумла километрҳои 48-71 муддати қариб ду рӯз ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуда буд.
Шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ, ягона роҳе аст, ки пойтахтро бо шимоли кишвар пайваст мекунад ва аз хатарноктарин роҳҳои кишвар, махсусан дар фасли зимистон ба шумор меравад.