13.9 C
Dushanbe

Хатсайри нав байни Барнаули Олтой ва Хуҷанди Тоҷикистон

Ширкати ҳавопаймоии ”

Бино ба иттилои ин ширкат, аз 30-юми марти соли 2022 қарор аст парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Барнаули кишвари Олтойи Русия ба роҳ монда шавад.

Ширкати ҳавопаймоии ”Ural Airlines“-и Русия эълон кардааст, ки парвозҳои байни кишвари Олтойи Русия ва Хуҷанди Тоҷикистон бо ҳавопаймои ”Airbuc A320” ҳафтае як маротиба баргузор мешаванд.

Тоҷикистон асосан аз кишвари Олтойи Русия чӯбу тахта, орд ва маҳсулоти ғалладона, равғани растанӣ, макарон ва ғайра ворид мекунад ва ҳамзамон ба ин кишвари Русия аз Точикистон пахта ва меваҳои хушк содир карда мешавад.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина хеле аз кишварҳои дунё ва ширкатҳои ҷаҳонӣ бо ин кишвар қатъи робита карда, зиёда аз 5500 намуди таҳримҳоро алайҳи Русия ҷорӣ карданд. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ шомили ин таҳримҳо мебошанд.

Тоҷикистон ҷузъи 15 кишварест, ки шарҳвандон ва сокинони Русия метавонанд мустақим ба он сафар кунанд. Яке аз далелҳои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Барнаул ва Хуҷанд ҳам боз шудани хатсайрҳои нави саёҳатӣ аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.