25.9 C
Dushanbe

ҲНИТ: Наҳзати исломӣ ҳеч гуна фаолияте дар Русия надошт

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба қарори Додгоҳи олии Русия дар бораи “созмони террористӣ” эълон кардани ин ҳизб вокуниш кард.

Имрӯз, 14-уми сентябри соли 2022 Бобоҷон Қайюмов, сухнагӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба Аздо тв гуфт, “чуноне, ки пешбинӣ мешуд, ҲНИТ дар қаламрави Русия мамнуъ ва терриристӣ эълон шуд.”

Ба гуфтаи ӯ, “бо вуҷуди он ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то ин вақт дар Русия ҳеч фаъолияте надошт ва фаъол набуд, аммо сиёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамеша бар асоси тафоҳум, гуфтугӯ ва эҳтироми арзишҳову эҳтиром ба манофеи кишварҳо боқӣ мемонад.”

Сухангӯи ҲНИТ таъкид кард, ки сиёсатҳои баъдии ҳизб дар баробари Русия дар ҷаласаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмимгирӣ хоҳад шуд ва бар асоси баёнияи расмӣ мавқеи ҲНИТ  дар ин масъала эълон хоҳад шуд.”

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз Додгоҳи олии федеролии Русия фаолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишварро мамнуъ элон кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазорати маориф: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.