Холбаш Холбашов ба ҳукми абад маҳкум шуд

Генерал-майор Холбаш Холбашов, собиқ мушовири калони фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Мурофиаи охири додгоҳии Холбашов рӯзи 21-уми сентябр пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ баргузор гардида, наздикони ӯро ба мурофиа роҳ надодаанд.

Мақомот то ҳол ҳукмро шарҳ надодаанд, вале намояндаи додситонӣ ӯро ба 11 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва “терроризм” муттаҳам карда буд.

Гуфта мешавад, худи Холбашов иттиҳоми нисбаташ эълоншударо рад карда, гуфтааст, гуноҳе надорад.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, Холбашовро аз СИЗО-и КДАМ ба зиндони низомаш сахт гузаронданд. Аммо маълум нест ӯро дар кадом зиндон ҷойгир кардаанд.

Гуфтанист, мурофиаи додгоҳии собиқ мушовири калони фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва 70 зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ аз рӯзи 3-уми августи соли ҷорӣ оғоз гардида буд.

Генерал Холбаш Холбашев ва ҳудуди 20 нафарро  дар ҷараёни мурофиаҳо дар даруни панҷара, боқимондаи гумонбаронро дар толор ҷойгир карда будаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ва муовини ӯ Лайло Чоршанбиева шоҳиди парванда будаанд.

Ҳудуди 70 нафаре, ки бо Холбашов ба курсиии айбдорӣ нишаста буданд, аз 1,5 то 18 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.

Холбаш Холбашов собиқ сардори Раёсати Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ дар як рӯз – 18 майи cоли ҷорӣ бо ҳамсари собиқаш, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева боздошт шуданд.

Мақомот Холбашовро “яке аз раҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” дар ноҳияи Рӯшон номидааст. Аммо ба гуфтаи бархе аз наздикони генерали мустаъфӣ, ӯ то замони боздошт дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хидмат кардааст. Ҳамроҳ бо Холбаш Холбашов мақомоти қудратӣ беш аз 70 сокини дигари Рӯшонро боздошт намуда, ба Душанбе оварда буданд.

Гуфта мешавад дар ин шабу рӯзҳо мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева ва аъзои  “Комиссия -44” пушти дарҳои баста дар СИЗО-и КДАМ ҷараён дорад. Додситонӣ барои Улфтахоним Мамадшоева 25-cоли зиндонро талаб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.