Хабар УМУМӢ

“Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд

Акс: Интернет Дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфта, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд. ‌‌11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо задани як гол дастаи “Хатлон”-и Бохтарро  шикаст дод. Рақиби Хуҷанд дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб хоҳад буд, […]

Акс: Интернет

Дастаҳои “Хуҷанд”, “Равшан” ва “Эсхата” ба даври 1/2 финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 роҳ ёфта, муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.

‌‌11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 -солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаи “Хуҷанд” бо задани як гол дастаи “Хатлон”-и Бохтарро  шикаст дод.

Рақиби Хуҷанд дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб хоҳад буд, ки дар чорякфинал бар ССКА -и пойтахт бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ин бозӣ 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд баргузор гардид.

‌‌Бозии дигар барои роҳхат ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи ССКА -и Вазорати мудофиаи ҶТ байни дастаҳои  “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Истаравшан” баргузор гардид. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.  Дар вақти иловагӣ гол зада нашуд. Дар силсилаи пеналтӣ дарвозабони “Эсхата” Мӯъминҷон Гадойбоев се пеналтиро гардонда, ба дастааш пирӯзӣ овард (3:2).

‌‌Дар 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон рақиби “Эсхата” барандаи ҷуфти чорякфиналии “Истиқлол” – “Файзканд”-и Восеъ хоҳад буд.

Бози финалии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 имсол дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 кишварро дар Ҷоми AFC-2022 муаррифӣ хоҳад кард. Агар як даста  қаҳрамони (ё ноиб) кишвар ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шавад, пас барандаи медали биринҷии Чемпионати Coca-Cola Тоҷикистон-2021 дар мавсими оянда дар Ҷоми AFC бозӣ хоҳад кард.

‌‌‌

Мавзӯъҳои марбут