Худкушии раиси ҷамоат дар Шаҳритус

Шаби 11-уми феврал ҷасади раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳия Шаҳритуси вилояти Хатлонро ба дор овехта ёфтанд. Дар ин бора “

Хушқадам Нодиров, акс аз “Азия-Плюс”

Манбаъ тасдиқ карда, ки ҷасади Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи мазкурро овехта пайдо кардаанд. Аммо дар бораи сабабу ангезаҳои рух додани ин ҳодиса чизе гуфта нашудааст.

Манбаъ гуфта, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қазияро тафтиш мекунанд.

Гуфта мешавад, ки Хушқадам Нодиров 34 сол дошта, ӯ қаблан ба ҳайси нотариуси давлатӣ, сармутахассиси шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ин ҷамоъат кор кардааст.

Ҳоло маълум нест раиси ҷамоати Ҷӯра Назаров худкушӣ карда ва ё касе ӯро ба чунин ҳол овардааст, аммо солҳои ахир шумори нафароне, ки бо ин роҳ худкушӣ мекунанд афзудааст. Мутахассисон сабаби ба чунин амал даст задани шаҳрвандонро дар аксар ҳолатҳо ба мушкилоти равонӣ, иқтисодӣ ва фақру тангдастӣ рабт медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.