Таркиши шадиде дар Кобул ҷони даҳҳо донишҷӯро гирифт

Субҳи рӯзи ҷумъа, 30-уми сентябри соли 2022 дар омӯзишгоҳи Коҷи шаҳри Кобул таркиши шадиде рух дод, ки дасти кам 23 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуд.

Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, ин таркиши бузург дар минтақаи ҳазоранишини Дашти Барчӣ, аз марбутоти ҳавзаи 13-уми амниятии шаҳри Кобул рух додааст.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, таркиш замоне рух дода, ки донишомӯзон барои супурдани як имтиҳони озмоишӣ дар як толори бузурги омӯзишгоҳи Коҷ ҷамъ омада буданд.

Холид Зидрон, сухангӯи пулиси Толибон гуфта, ки дар ин таркиш 19 нафар кушта шуда, ки 27 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аммо расонаҳо аз манобеи худашон хабар доданд, ки дар таркиши мазкур наздик ба 100 нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар толоре, ки таркиш рух дод, маъмулан то 500 донишҷӯ ҷамъ меомад.

Гуфта мешавад, шахси муҳоҷим дар аввал нигаҳбононро гулулаборон карда, сипас дар байни анбуҳи донишҷӯён, ба хусус байни духтарон ворид шуда, худро таркондааст. Расонаҳо гуфтаанд, ки аксари қурбонинён духтарон ҳастанд.

То ҳол ҳеч гурӯҳи террористие масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба дӯш нагирифтааст.

Гуфта мешавад, дар як моҳи ахир ин сеюмин тарккишест, ки қурбонии зиёд доштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.