11.9 C
Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон 5 млрд сомонӣ қарзи “Барқи тоҷик”-ро бахшид

Дар соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон боз 5 миллиард доллар қарзи “Барқи тоҷик” дар назди Вазорати молияро бахшид. Дар ин бора рӯзи 17-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ Сардори департаменти иқтисод ва молияи ширкати “Барқи тоҷик”, Рустам Маҷидзода хабар дод.

Ин миқдор қарз дар соли 2020 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби барномаи беҳбуд бахшидан ба вазъи молии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон маоф шуда аст.

Ёдовар мешавем, ки барномаи солимгардонии вазъи молии ин ширкатро Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ кард ва раванди амалишавии он то соли 2025 идома хоҳад ёфт.

Маҷидзода ҳамчунин гуфт, ки ин маблағҳо аз ҳисоби қарздории ширкат бароварда шуда, ҳамчун ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди оинномавии ширкат гузаронида шуданд.

Ин намоядаи “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки дастгирии Ҳукумат бисёр саривақтӣ буд ва онҳо тавонистанд қарзи ширкатро аз солҳои пеш ба андозаи 5 миллиард сомонӣ коҳиш диҳанд.

Ширкати “Барқи тоҷик” солҳост, ки дар буҳрони қарзӣ гирифтор шудааст. Масъулони ширкат ин гирифториҳои молии худро ба пардохт нашудани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби сокинон медонанд. Аммо аҳолии кишвар ҳамеша маблағи барқро сари вақт пардохт мекунанд ва бо вуҷуди он солҳост аз норасои нерӯи барқ ранҷ мебаранд.

Ин ширкат яке аз қарздортарин ширкатҳо ба шумор рафта, дар ҳоли ҳозир қарзи он дар назди Вазорат молия ба 22 миллиард сомонӣ баробар аст.

Ҳамчунин ин ширкат аз НБО “Сангтӯда – 1”, 1 миллиарду 595 миллион сомонӣ ва аз “Сангтӯда – 2” 123 миллион сомонӣ қарздор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон: Бо сатр пӯшидан асабиам накунед!

Эмомлаӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни ироаи паёмаш ба парлумони кишвар, махсус аз сатру либоси занони мусалмон интиқод кард.

Кушта шудани як тоҷики 10-сола дар Русия

Дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғ ба мактабе дар вилояти Маскав як навраси 10-солаи тоҷик кушта шудааст.

Афсонаи “Бузак” боз такрор шуд

Раҳмонов боз ваъда дод, ки соли 2027 маҳдудияти барқро аз байн мебарад ва мардум "лимит"-ро фаромӯш мекунанд.

Маоши коргарон дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ эълон кард, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 ҳаҷми маош, нафақа ва идрорпулиҳо дар кишвар аз 15 то 25 дарсад зиёд карда мешавад.