15.9 C
Dushanbe

СММ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар кумак карданист

Акс аз сомонаи Вазорати рушди савдои Тоҷикистон

Рӯзи 21 августи соли 2020 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу вохурӣ анҷом додааст.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин вохурӣ ҳарду тараф дар бораи чораҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ ва паҳншавии бемории коронавирус дар ҷаҳон суҳбат карданд.

Дар сомонаи Вазорат гуфта шудааст, ки Сезин Синаноглу барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Намояндаи СММ ҳамчунин қайд кардааст, ки ин барнома буҷаи беш аз 61 млн долларро дорад ва ба 5 самт, аз ҷумла “тандурустӣ, “ҳимояи одамон”, “чораҳои макроиқтисодӣ”, “барқарорсозии макроиқтисодӣ” ва “ҳамгироии иҷтимоӣ” равона мегардад.

Дар идомаи ин вохурӣ вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронии 7 моҳи соли 2020 дар  Тоҷикистон маълумот дода, аз намояндаи СММ дар Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки кумаку дастгириҳо ва барномаҳои худро дар Тоҷикистон бештар намояд.

Ин бори аввал нест, ки худи Ҳукумат аз созмонҳо ва муассисаҳои молӣ талаби кумак мекунад. Пештар муовини сарвазири ҶТ Давлаталӣ Саид ба БОР нома навишта хоста буд, то барои кам намудани таъсири манфии коронавирус ба блоки иқтисодӣ 364 млн $ кумак намоянд. Ба назари коршиносон кумакҳо ва қарзҳое, ки ба ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад, на ҳамаашон тибқи барнома ба ҷойҳои лозима масарф мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.