Хуршед Фозиловро аз Панҷакент ба Хуҷанд бурданд

Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти чор шабонарӯз бе эълони айб рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро аз шаҳри Панҷакент ба шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.  

Бино ба иттилои пайвандони Хуршед Фозилов, ин рӯзноманигор дар ҳоле ба шаҳри Хуҷанд бурда мешавад, ки дирӯз кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент ба онҳо ваъда додаанд, ки ӯро пас аз бозпурсӣ раҳо мекунанд.

Яке аз наздикони ин рӯзноманигор дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки то ҳол сабаби боздошти Фозиловро шарҳ надодаанд.  

Пайвандони Хуршед Фозилов мегӯянд, ки барои ӯ адвокат меҷӯянд ва маълум нест, ки ӯ ба адвокати давлатӣ дастрасӣ дорад ё не.

Ба гуфтаи як ҳуқуқдони тоҷик, тибқи муқаррароти ҷорӣ, мақомоти амнияти шаҳри Панҷакент талаботи қонуни кишварро дағалона вайрон кардаанд. Зеро бо гузашти 48 соат аз боздошти ин рӯзноманигор на ӯро ҷавоб додаанду на нисбаташ айб эълон шудааст ва илова бар ин то ҳол ӯ бо адвокат таъмин нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:00-15:30 аз ҷониби ду шахси ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштаанд аз дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент дастгир ва ба макони номаълум бурда шуд.

Дертар маълум гашт, ки ӯро кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт кардаанд.

Дар ин муддати чор шабонарӯз наздиконаш Хуршед Фозиловро як маротиба дар бинои Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент дидаанд, аммо ба онҳо иҷозаи суҳбат надодаанд. Кормандони ин ниҳод гуфтаанд, ки “баёноташро гирифтем, ба ҳамааш иқрор шуд”, аммо нагуфтаанд, ки ин рӯзноманигор ба чӣ гуноҳе иқрор шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло компютери кориву шахсӣ ва телефонаш дар дасти кормандони Кумитаи амнияти Панҷакент мебошад.

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.