Хуршед Зиёӣ: нури офтоби мо каронавирусро нобуд месозад

Акс аз: Asia-Plus

Хуршед Зиёӣ, сардори Маркази тадқиқоти стартегии нaзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, табиати Тоҷикистон ҳамагуна вирусро нобуд месозад, аз он ҷумла вируси COVID-19-ро.

“Нури ултрафиолети офтоби мо ҳама гуна навъи вирусро нобуд крада метавонад. Бисёр вақт мепурсанд, ки агар ҳама кор дар нури офтоб аст, пас чаро дар Арабистони Саудӣ вирусро маҳв карда натавонистанд? Ман он ҷо се сол ба ҳайси тарҷумон карда, метавонам бигӯям, ки осмони онҳо ҳамеша чангу ғуборолуд аст, ки ба паҳншавии нури ултрафиолет монеъа мешавад. Коронавирусро на гармӣ, балки маҳз нури ултрафиолет нобуд мекунад”, – иброз дошт  Хуршед Зиёӣ.

Ин андешаи Хуршед Зиёӣ, ки мегӯяд коронавирусро нури ултрафиолет нобуд месозад, борҳо аз ҷониби муҳаққиқон рад шудааст ва то ҳол ҳеч марказҳои тадқиқотӣ ва олимони вирусшинос онро тасдиқ накардаанд.

“Азия-Плюс” менависад, Зиёӣ бар ин назар аст, ки вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба қиёс аз дигар кишварҳо чандон фоҷеабор ва пурзарар набуд. Ӯ сари вақт андешидани чораҳои пешгирӣ аз ин бемориро аз ҷониби мақомот сабаби аслии камфоҷиа будани он донист. Ба назари ӯ тавсияҳои Ҳукумату Вазорати тандурустӣ сабаб шуд, ки ҷараёни фоҷеабори ин беморӣ пешгирӣ бишавад.

Ин мақомдор дар ҳоле аз зарари кам расондаи COVID-19 дар Тоҷикистон мегӯяд, ки чанде пеш Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири Ҷумҳурӣ аз созмонҳои молии байналмилалӣ кумак хоста, гуфта буд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар натиҷаи зарари зиёди COVID-19 дар ҳолати “форс-мажор” қарор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.