Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори амнияти Панҷшер аз ҷониби Толибон хитоб ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ҳар куҷое бошед, одрас диҳед, ҳамонҷо рафта шуморо саркӯб мекунем.
Акс: ИнтернетАбдулҳамид Хуросонӣ, ки ба намояндагӣ аз Толибон амнияти Панҷшерро бар уҳда дорад, дар як паёми видеоӣ хитоб ба нерӯҳои муқовити миллии Афғонистон онҳоро “мунофиқ”, “бағоватгар” (саркашон) ва “муфсидин” хонда, гуфтааст, ки ҳеч гуна муқовимате вуҷуд надорад ва ин як тиҷорат аст. “Чорто муфсидин дар хориҷ шишта, дар Тоҷикистону дигар ҷойҳо ва чорто муздурони худро дар ғорҳои кӯҳ ҳастанд, мисли мӯш мебароянд як-як навор мегиранду равон мекунанд ва мардумро мағшуш месозанд.”
Ин намояндаи Толибон мегӯяд, “мо бароятон членҷ додем, ҳар ҷое бошед, ба суроғатон меоем, саркӯбатон мекунем. Ҳар касе бошед. Агар дигарон ҳам дар баробари шумо иродаи саркӯб надоша бошанд, мо шахсӣ мезанематон. Ҳар касе зери ҳар унвоне дар баробари Иморати исломӣ бағоват кунад, мо саркӯбашон мекунем.”