14.9 C
Dushanbe

Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар ин кишвар нотаи эътирозӣ супорид

26 апрели соли 2021 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев бо сафири фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд.

Ба сафири Тоҷикистон нотаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд, ки дар он нигаронии шадиди ҷониби Қирғизистон нисбати амалҳои ғайриқонунӣ мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки 24 апрел ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандро рабудаанд, баён карда шудааст.

Нуран Ниёзалиев қобили қабул набудани чунин амалҳоро қайд кард ва гуфт, ки ин амал метавонад боиси тезутунд шудани вазъ дар минтақаи наздимарзӣ гардад. Вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кард, ки барои дақиқ кардани ҳолатҳои ҳодиса чораҳои фаврӣ андешида, ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва аз натиҷаҳои онҷониби Қирғизистонро хабардор кунанд.

Дар идома Ниёзаоиевм таъкид намуд, ки ҷониби Қирғизистон чун пештара омода аст, бо талошҳои муштарак дар манотиқи наздимарзӣ амнияту суботро дар заминаи дӯстию бародарии бисёрасраи халқи тоҷику қирғиз созад.

То ҳол назари мақомоти Тоҷикистон дар бораи изҳороти расмии ҷониби Қирғизистон дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 апрел расонаҳои қирғизӣ аз бедарак шудани ду ҷавони 19-сола, ки дар минтақаи марзӣ ба сохтмони коргоҳ машғул будаанд, хабар доданд. Дар пайи бедаракшавии ҷавонон, музокироти дуҷонибаи марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Баъдан расонаҳои қирғизӣ хабар доданд, ки ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд.

Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо ин 2 нафар, 6 шаҳрванди дигари Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов имрӯз 27 апрел дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Пирамида” дар мавриди рабуда шудани ду шаҳрвандаш аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон гуфт ва афзуд, ки “мо мехоҳем ё намехоҳем бояд масъалаи марзро ҳал кунем”.

Ба назари президенти Қирғизистон масъалаи марзӣ танҳо вақте ҳал мешавад, ки табодули қитъаҳои замин сурат бигирад. “Мо бояд заминҳои ба мо лозимаро гирем ва заминҳои ба онҳо лозимаро диҳем. Инро якҷоя бо аҳолии маҳаллӣ ҳал хоҳем кард”,- гуфт Ҷабборов.

Аммо мақомоти Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр карда, дар ин маврид то ҳол ба таври расмӣ ва шаффоф чизе намегӯянд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Боқимондаи заминҳо дар марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух диҳанд, ки баъзан ба занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мерасонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.