Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба алифбои туркӣ мегузаранд?

Дар нишасти сарони Созмони кишварҳои туркӣ дар Бишкек раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост ба алифбои ягонаи туркӣ гузаранд.

Ӯ дар суханронии рӯзи 6-уми ноябри худ таъкид кард, ки алифбои муштарак равобити фарҳангӣ ва забонии кишварҳои туркзабонро таҳким бахшида, ба рамзи ояндаи муштарак табдил хоҳад ёфт.

Ба иддаои ӯ Туркия, Озарбойҷон ва Қибриси Шимолӣ барои гузаштан ба алифбои ягонаи туркӣ омодаанд ва бояд Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам барои гузаштан он қадами аввалияро гузоранд.

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз қабили Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба далели нуфузи Русия масъалаи гузаштан ба алифбои туркӣ мушкил аст.

Гуфта мешавад, масъалаи таъсиси алифбои умумии туркӣ ҳанӯз дар солҳои 1990 оғоз шудаааст. Ин алифбо аз 34 ҳарф иборат буда, ба иддаои олимони туркнажод, дар болои варианти ниҳоии он кор карда истодаанд ва ин алифбо бо дарназардошти гуногунии фонетикии забонҳои туркӣ таҳия мешавад.

Созмони кишварҳои туркӣ соли 2009 таъсис ёфта, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия ва Озарбойҷон шомили онанд. Туркманистон, Маҷористон ва Қибриси Шимолӣ дар ин созмон ба ҳайси нозир иштирок мекунанд.

Пешниҳоди гузаштан ба алифбои ягонаи туркӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки пештар дар Туркия бо ислоҳи барномаи таълимии таърих барои хонандагони мактабҳои миёна ибораи “Осиёи Марказӣ”-ро ба “Туркистон” иваз карданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, ин раванд барои мардуми тоҷик ва форсизабони Осиёи Марказӣ, ки дар байни кишварҳои туркзабон боқӣ мондаанд, хатари ҳувият ва вуҷудии онҳост. Зеро имрӯзҳо аз ҷониби марказҳои илмии кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ иддаоҳе садо медиҳад, ки бархе аз олимони гузашта ва дастовардҳои таърихии онҳоро ба туркҳо нисбат медиҳанд ва ин масъала олимони тоҷик ва форизабони минтақаро нигарон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.