Иштироки Тоҷикистон дар размоиши низомии муштарки Русияву Чин

Қарор аст охири моҳи ҷорӣ кишварҳои Русия, Чин, Белорус, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Муғулистон размоиши низомии муштарак доир кунанд.

Акс аз “Vitalykuzmin.net”

Гуфта мешавад, размоиши низомии ин кишварҳо бо ибтикори Чин зери номи “Шарқ-2022” 30-уми август оғоз шуда то то 5-уми сентябри соли ҷорӣ идома мекунад.

Тавре вазоратҳои дифои Чин ва Русия хабар доданд, ҳадаф аз ин тамринҳои низомии байни кишварoҳои мазкур “таҳкими ҳамкориҳои амалӣ ва дӯстона бо артишҳои кишварҳои ширкаткунанда, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои стратегии тарафҳои ширкаткунанда ва инчунин таҳкими қобилияти вокуниш ба таҳдидҳои мухталифи амниятӣ” гуфта мешавад.

Дар ин размоиши низомии Русияву Чин аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат мекунад. Ҳузури Тоҷикистон дар ин размоиши бузург дар ҳолест, ки ҷомеаи байналмилалӣ ва Ғарб Русияро барои ҳуҷум ба Украина маҳкум карда, таҳримҳои шадиде алайҳаш ҷорӣ карданд.

Ҳамзамон пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои Ғарб болои Русия кишварҳои Чин ва Ҳиндустон дар моҳҳои ахир дар фурӯши аслиҳа ба Русия муттаҳам мешаванд. Дар ҳамин ҳол Пекин итминон медиҳад, ки ширкати он дар машқҳои низомӣ “ба вазъияти кунунӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ иртибот надорад”.

Ин дувумин тамрини муштараки Чину Русия дар соли ҷорӣ аст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ, замоне, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар Токио қарор дошт, ин ду кишвар дар наздикии Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ машқҳои низомии 13-соата доир карда буданд.

Вошингтон пайваста аз наздикшавии Чин ва Русия нигарон аст ва наздикшавии онҳоро дар ин марҳила ба амнияти ҷаҳонӣ “хатарнок” медонад. Аммо ин ду кишвар дар таҳкими равобити дифоии худ талош доранд ва зичшавии робитаҳояшонро барои минтақа “хатарнок” намедонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.