КҲФ: Мардум эҳтиёткор бошанд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бо сабаби боридани барфҳои зиёд дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ҳангоми рафту омад мардум эҳтиёткор бошанд.

Имрӯз, 13-уми январи соли 2023 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як огоҳӣ гуфтааст, “бахусус ронандагон ҳангоми сафарҳо ба роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.”

Ин дар ҳолест, ки Агентии обу ҳавошиносии кишвар ҳам бо нашри як огоҳӣ ҳушдор додааст, ки дар чанд рӯзи оянда Тоҷикистонро ҳавои сард фаро мегирад ва дар бархе минтақаҳои кӯҳистонӣ дамои ҳаво то 38-43 дараҷа таҳти сифр хунук хоҳад шуд.

Дар ин огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар қоидаҳои бехтарӣ низ нарш шудааст, ба шакили зайл оварда мешаванд:

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

  • ҳангоми номусоид будани обу ҳаво ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо сафар накунед;
  • агар барои зарурате лозим шуд кӯҳ равед, пас ҷиддан ба тағйироти обу ҳаво диққат диҳед;
  • вақте ба кӯҳ мебароед, минтақаҳои тармахезро дар роҳи сафари худ бояд донед;
  • талош кунед ба он қисмат аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо, ки хавфи лағзиши тарма доранд, наравед;
  • маъмулан ҳамеша ниҳодҳои вобаста ба обу ҳаво ва наҷот шаҳрвандонро аз вазъи ҳаво ва маконҳои пурхатару тармахез аз қабл огоҳ мекуннад. Агар шумо  майли сафари кӯҳ доред, пас аввал ба ахбори манбаъҳои вобаста ба ин ниҳодҳо диққат диҳед.
  • ва агар рафту шуморо хатари зери тарма мондан таҳдид мекунад, бояд аввал борхалта ва ҳар чизе доред, ҷудо шавед (ин корро бояд зуд анҷом диҳед ва ҳатто зарур аст бо корд банди онро буред).
  • агар шумо лижаронед бояд ҳатман лижа ва чӯбдасти лижарониро низ раҳо кунед.

Ø  Агар зери тарма мондед, талош кунед аз зер ба боло ҳаракат кунед. Ва агар дар дохили барфтӯда мондед, пас хуб аст, ки тибқи қоидаҳои шиноварӣ ҳаракат намоед.

Ø  Вақте тарма дар ҷойе қарор мегирад, зарур аст барои худ муҳити нафасгирӣ созад. Барои он ки таваҷҷуҳи наҷотдиҳандагонро ба худ кашад, пас дасташро боло бардорад. Агар одам дар жарфо қарор дорад, пас талош кунад оксигенро сарфакорона истифода барад, фаъолнокии ҳаракаташро маҳдуд созад.

  • баъди он ки тарма дар ҷойе қарор гирифту аз ҳаракат монд, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед он бошад, ки дастатонро аз барф берун кунед, то имдодгарон шуморо дида тавонанд. Агар дар қаър мондед, пас хубтар он аст, ки камтар ҳаракат кунед, то оксиген бароятон захира монад, қуввати ҳаракат дошта бошед.

Агар мехоҳед фарёд кунед, садо бароред, пас бояд тарзе ин корро анҷом диҳед, ки барф ба даҳони шумо ворид нашавад, роҳи нафасатонро набандад. Аммо бояд донед: Тавре касони зери тарма мондаву зинда беруншуда шаҳодат медиҳанд, садо аз зери барфтӯда берун намешавад ва доду фарёди шуморо берунбудагон намешунаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.