25.9 C
Dushanbe

КМИР хабарнигорони “Азия-Плюс”-ро барои инъикоси интихоботи дарпешистода сабти ном накард

Сомонаи “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар таърихи 25 сентябр ба унвони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ба қайд гирифтани 9 хабарнигор бо мактуб муроҷиат кардааст, вале ҷавоби рад доданд, КМИР қайди давлатии ин расона дар Вазорати фарҳангро талаб кардааст.

“Азият-Плюс” навиштааст, ки 13 август барои сабти ном ба Вазорати фарҳанг тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод намудем ба ҷуз як маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба ҳамин хотир то ба имрӯз моро сабти ном накардаанд, дар Вазорати фарҳанг маълумотномаи КДАМ-ро талаб доранд.

Расонаҳои мустақили Тоҷикистон бояд ҳар се сол худро дар Вазорати фарҳанг ба қайд гиранд, ки соли 2017 “Азия-Плюс” худро ба қайд гирифта будааст.

Ин хабагузорӣ менависад: “Аз 14 августи соли 2020 ба КДАМ барои дарёфти маълумотнома муроҷиат карда будем, вале то кунун ҳеч посухе дарёфт накардардаем. Рӯзи 28 август, аз Вазорати фарҳанг посух дарёфт намудем, ки то ҳол санадҳои пешниҳод намудаи мо дар баррасӣ қарор доранд”.

Дар идома навиштааст, ки барои сабти ном шудан дар Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон “бар сари шаҳодатномаи сабти номи “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг пойфишорӣ мекунанд, зоҳиран, бовар надоранд, ки чунин як расона дар ҳақиқат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад”.

Хабаргузории “Азия-Плюс” яке аз расонаҳои матраҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва солҳост дар Тоҷикистон хабарҳои дохил ва хориҷро бо забонҳои тоҷикӣ ва рӯсӣ пӯшиш медиҳанд. Се сол пеш бо сабабҳои номаълум сомонаи ин расона дар ҳудуди Тоҷикистон масдуд шудааст. Мақомот сабаби масдуд шудани сомонаи расонаро “мушкили фаннӣ” гуфта буд, вале аз он се сол мегузараду то ҳол ин “мушкилӣ фаннӣ” бартараф нашудааст ва сомона ҳамоно масдуд боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.