Қодиров: Ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Херсон қарори дуруст буд
Рамазон Қодиров, расиҷумҳури Чеченистон дар як изҳороташ гуфт, ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Херсон ва канори рости дарёи Днепр қарори дуруст буд. Акс: Интернет Раисҷумҳури Чеченистон дар як паёми телеграмие аз қарори Сергей Суровикин, фармондеҳи кулли артиши Русия дар Украина ҷонибдорӣ карда мегӯяд, ки ин фармондеҳи рус қарори дурустро саривақтӣ қабул кард ва ҷони ҳазорҳо сарбозро […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Рамазон Қодиров, расиҷумҳури Чеченистон дар як изҳороташ гуфт, ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Херсон ва канори рости дарёи Днепр қарори дуруст буд.
Акс: Интернет
Раисҷумҳури Чеченистон дар як паёми телеграмие аз қарори Сергей Суровикин, фармондеҳи кулли артиши Русия дар Украина ҷонибдорӣ карда мегӯяд, ки ин фармондеҳи рус қарори дурустро саривақтӣ қабул кард ва ҷони ҳазорҳо сарбозро наҷот дод.
Қодиров мегӯяд, барои Русия Херсон шаҳри муҳим ва стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз он сарфи назар намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин минтақа минтақаи душвор буда, дар он таъмини устувор ва мунтазами лавозими ҷангӣ ва ташкили ақибгоҳи пурқуввати артиш имконнопазир аст. Вале, ӯ бо таассуф мегӯяд, ки “чаро ин қарор аз рӯзҳои аввали “амалиёти махсус” гирифта нашуд?”
Раисҷумҳури Чеченистон дар ҳоле аз пуштибонии худ аз қарори ақибнишинии Русия дар Херсон мегӯяд, ки худи ӯ борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегфт, Украинаро ба куллӣ забт хоҳанд кард ва “як қадам ба қафо” намегарданд.
Рамазон Қодиров яке аз ҷонибдорони сарсахти Путин ба шуомр рафта, аз шуруи ҷанги Русия бо Украина нерӯҳои низомияшро ба хоки ин кишвар ворид карда буд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.