СММ аз кишварҳои дунё хост ба боздоштҳои худсарона хотима диҳанд
Коммиссари Олии СММ вобаста ба ҳуқуқи инсон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон Комиссари олии СММ Фолкер Турк гуфт, “оғози соли навро бо аҳли оилаам таҷлил карда, дар бораи онҳое фикр кардам, ки наздиконашон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ранҷ мекашанд.” Ба гуфтаи ӯ, “инҳо касоне ҳастанд, ки табъизро маҳкум карда, мухолифи суиистифода […]
Ӯ бо муроҷиат ба ҳукуматдорон гуфтааст, “ба дилҳои худ назар андозед, парвандаҳои онҳоро бозбинӣ ва интихоби дуруст кунед: имсолро аз ба ҳаёт табтиқ намудани афкори Эъломияи умумиҷаҳонӣ оғоз кунед.”
Гуфтанист, рӯзи 10 декабри соли 2023, 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Эъломияро намояндагони тамоми минтақаҳои ҷаҳон навишта, қабул кардаанд, ки паёми асосии он риояи ҳуқуқи инсон мебошад.
Бознашр аз Payom.net