4.9 C
Dushanbe

Конфронси солонаи САҲА дар Варшава

Дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба сурати онлайнӣ ва мухолифони он ба сурати ҳузурӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд.

14-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон конфронси солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба кори худ оғоз кард.

‌‌Ин конфронс бо ҳузури раҳбарияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва созмони Афви байналмилал ва дигар намояндаҳои кишварҳои узв ва созмонҳои байнулмилалӣ оғоз ба кор кард.

Имсол ба фарқ аз солҳои қабл, ки конфронсҳои солонаи САҲА ба муддати даҳ рӯзи корӣ баргузор мешуд ва иштирокчиёни зиёде дар ҷаласаҳои он ҳузурӣ роҳ меёфтанд, ин конфронс дурӯза буда, ширкаткунандагони он ба сурати ҳузурӣ ва онлайнӣ тариқи барномаи ZOOM иштирок мекунанд. ‌‌Ташкилкунандагони ин конфронс сабаби дар шакли гузашта баргузор нашудани онро ба мувофиқа нарасидани кишварҳои узв арзёбӣ карданд.

Ҳайати иштироккунандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин конфронс эълом нашудааст, ки киҳо мебошанд ва чанд нафар ҳастанд, аммо аз гурӯҳҳои мухолифин ҳудуди 10 нафар иштирок мекунад. Аз ҷумла намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистон ва Ҳаркати “Гурӯҳи 24” ва як намоянда аз пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Вале аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз дохили кишвар дар ҷаласаҳои ҳузурӣ дар ин конфронс касе ширкат намекунад.

Дар ин конфронс иштирокчиён имкони камтар барои пешниҳоди гузориш ё матраҳ кардани мушкилоти худро доранд. Дар ҷаласаҳои дирӯз эксперт ё худ меҳмононҳои олиқадри САҲА дар конфронс суҳбат намуда, мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ намуданд ва дар охири ҳар як мавзӯъ чанд дақиқае барои суол дода мешуд. Ба назар мерасид, ки нафарҳои суолдиҳанда интихоб шуда истодаанд ва ба баъзе суолҳо пурра ҷавоб дода намешуд.

Дар ин ҷаласа мухолифини тоҷик ва дигар намояндаҳои ҷомеаи маданӣ аз кишварҳои мухталиф кӯшиш карданд дар сессияи аввал, ки мавзӯи он “Ҳуқуқи инсон ва демоктратия” буд, ба намояндагони баландпояи САҲА суол диҳанд ва мушкилоти худро матраҳ кунанд, вале ба онҳо вақт дода нашуд.  Зеро, САҲА 30-солагии худро ҷашн мегирад ва мавзӯъҳои ҷаласаҳоро маҳдуд карда, бештар масъулони худи САҲА дар бораи фаъолиятҳои ин созмон ва бурду бохтҳояш суҳбат мекунанд.

Бо вуҷуди ном набурдан аз кишварҳои зиддиятнишондода, баъзе аз коршиносон бар ин назаранд , ки Русия ва кишварҳои ҳампаймони он ба мисли Тоҷикистон зидди баргузории ин конфронс дар формати пештара будаанд. Зеро дар нишастҳои солҳои қабл мухолифини ин кишварҳо фаъолона мушкилоти худро матраҳ ва намояндаҳои ҳукуматҳоро ба чолиш мекашиданд.

‌‌Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА соли 1991 ташкил ёфта, идораи марказии он дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷойгир аст. Имсол дар ин нишаст САҲА 30-солагии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони худро қайд кард.

‌‌

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.