Имрӯз, 6-уми сентябр Парлумони Тоҷикистон Қонуни афвро, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон онро ба Маҷлиси намояндагон фиристода буд, қабул кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.
Акс: ИнтернетГуфта мешавад, муовини додситони кулли Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода тарҳро дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки қонуни мазкур зиёда аз 16 ҳазор нафарро шомил мегардад.
Инчунин Талбакзода таъкид дошта, ки қонуни афв барои касоне, ки бо иттиҳоми терроризм, баромадан ба зидди сохти конститутсионии кишвар, одамкушӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд, татбиқ намешавад.