Корманди ҳарбӣ бо ҷурми қаллобӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ҷурми қаллобии дар ҳаҷми калон барои 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон 10-уми июли соли ҷорӣ хабар дод, ки иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Мирсалимов Рустам Обидҷонович танҳо дар давоми қариб се моҳ 31 нафарро дар ҳолатҳои гуногун фиреб дода, дар маҷмӯъ аз онҳо наздики 700 ҳазор сомонӣ гирифта, азхуд кардааст.

“Дар рафти тафтишот муайян шуд, ки Мирсалимов Р.О. бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, ба онҳо дар маҷмуъ ба маблағи 689493 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.“, омадааст дар хабари Додситонии кул.

Ба иттилои манбаъ, номбурда бо либоси ҳарбӣ ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, гуфта, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ кумаки хайриявӣ барои ниёзмандон дарёфт кардааст ва ба шарти додани он кумак аз кормандони он 6793 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда гирифтааст.

“Инчунин, Мирсалимов Р.О. амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, 2 октябри соли 2022 бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон”, воқеъ дар ноҳияи И.Сомонии шахри Душанбе рафта, бо сохибкор Абдураҳимов М. вохӯрда, худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои харбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.

Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.“, таъкид мешавад дар хабар.

Додситонии кулли кишвар мегӯяд, нисбати номбурда бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, додгоҳ низ ҳукми зиндонии ӯро содир кард.

Гуфта мешавад, Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе барои Мирсалимов “ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр” ҳукм баровард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.