Корманди Фурудгоҳи Душанбе даст ба худкушӣ зад

Акси марҳум Шерафган Хоҷақулов: аз Фейсбук

Як корманди фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе рӯзи 26 октябр даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод. Нафаре, ки даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст, Шерафган Хоҷақулов ном дошта, дар Бахши бехатарии Фурудгоҳ кор мекард.

Шерафган Хоҷақулов, ки 9 моҳ шуд маоши худро нагирифта буд, бо нишони эътироз худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Ҷамшед Давлатов тағои Шерафган ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷиянаш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард. Хоҷақулов ба бародараш соати 13 паёмак навишта гуфтааст, ки “омада мурдаи маро аз фурудгоҳ баред.”

Бародари Шерафган, Умед Хоҷақулов гуфтаҳои тағояшро тасдиқ карда гуфтааст, ки бародараш аз манзили иҷорааш 14 ҳазор сомонӣ қарздор буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Дар идома Умед гуфт, ки ҷасадро ба ӯ нишон додаанд ва ӯ осори тирро дар дили бародараш мушоҳида кардааст.

Ҷасади Шерафганро барои ташхис ба бемористони Ёрии таъҷилии Душанбе овардаанд ва баъд аз ташхис ба наздиконаш медодаанд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст. Аммо то ҳол назари масъулини Фурудгоҳи Душанбе дар ин бора маълум нест.

“Ахбор.ком” аз манобеъаш иттилоъ медиҳад, ки кормандони фурудгоҳ аз моҳи март маош нагирифтаанд. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябр талаб кардааст, ки маоши 9 моҳаи ӯро пардохт кунанд. Аммо вақте посухи рад мегирад, бо масъулини фурудгоҳ баҳс мекунад ва ба дилаш мепарронад. Бино ба навиштаи “Ахбор” ба шакли эътироз худкушӣ кардани кормандони фурудгоҳ ин бори аввал набудааст. Моҳи сентябр низ як муҳофизи дигари фурудгоҳ, ки аз бонк қарздор будааст, худро дар хонааш овехта буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.

Бедарак шудани як фаъоли зодаи Бадахшон дар Олмон

19-уми октябри соли ҷорӣ, фаъоли зодаи Бадахшон Саидтаиб Саидмамудов дар Олмон боздошт шудааст ва бо гузашти ду ҳафта аз ӯ хабаре нест.

Намоиши филми Эмомалӣ Раҳмон дар масҷидҳои ноҳияи Ванҷ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ аз намоиши филми мустанади «Пешво аз қалби мардум» дар масҷидҳо, инчунин идораҳо ва муассисаҳои ноҳия хабар додаанд.

Русия далелҳои ихроҷи муҳоҷиронро аз 22 ба 45 маврид афзоиш медиҳад

Аз 3-юми ноябр дар Русия қонуни наве мавриди иҷро қарор мегирад, ки шумори моддаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро пешбинӣ мекунанд, аз 22 ба 45 мерасонад.