Корманди суд бо пора дастгир шуд

Котиби судии Суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд Сабоҳиддин Фахриддинзода бо иттиҳоми ситонидани пора ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ боздошт гардидааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз манбааш хабар дод, ки рӯзи 16 сенябр пас аз зӯҳр дар пайи шикояти як сокини ноҳия аз сӯи кормандони прокуратураи шаҳри Исфара боздошт шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Котиби судии Суди шаҳри Исфара “Сабоҳиддин Фахриддинзода Ҷанобиддин, тахминан моҳи июни соли 2020 сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара В.Ҷ -ро ба утоқи кориаш даъват карда, ба ӯ ваъда медиҳад, ки ҷазои ҷиноиашро кам мекунад ва дар аввал 29 ҳазор сомонӣ талаб менамояд. В.Ҷ бо сабаби надоштани ин маблағ ва камбизоатӣ аз Фахриддинзода хоҳиш мекунад, ки ба ӯ ёрӣ расонад. Фахриддинзода ба В.Ҷ ваъда медиҳад, ки агар 21 ҳазор сомонӣ маблағ диҳад, нисбаташ ҷазои ҷарима таъин карда мешавад. Агар надиҳад, ӯро аз озодӣ маҳрум мекунанд”.

Гуфта мешавад, В.Ҷ. ба хотири худро сафед кардан ва аз озодӣ маҳрум нагардиданаш аввал аз як шиносаш 10 ҳазор сомонӣ мегирад ба Сабоҳиддин Фахриддинзода медиҳад, аммо ӯ ба ин миқдор қонеъ намешавад ва аз В.Ҷ. боз маблағи зиёдатӣ миқдори 3 ҳазор сомонии дигар талаб мекунад.

“В.Ҷ ин  бор 3 ҳазор сомониро қарз мегирад  ҷамъ 13 ҳазор сомонӣ оварда ба котиби суд дар утоқи кориаш медиҳад ва  барои баргардонидани қарзҳояш як говеро, ки дар хонааш доштааст, дар бозор ба 12 ҳазору 800 сомонӣ фурӯхта, қарзашро пардохт кардааст”,- гуфтааст, манбаи “Sputnik” .

Баъд аз ошкор гардидани ҳодиса прокуратураи шаҳри Исфара Фахриддинзодаро боздошт карда алайҳаш бо моддаи 247, қисми 2, банди “в” -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – қаллобие, ки бо расонидани зарари ҷиддӣ содир шудааст – парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Ин модда аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 58 сомонӣ) ҷарима ё аз ду то панҷ соли ҳабсро дар пай дорад.

Ин бори аввал нест, ки кормандони мақомоти судӣ бо гирифтани пора боздошт мегарданд, ин севвумин корманди суд аст, ки дар 9 моҳи соли равон боздошт гардидааст. Чанде қабл Судяи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Айнӣ боздошт гардида буданд.

Коршиносон яке аз сбабҳои даст ба фасод задани мақомоти судиро вобаста ба кам будани маош ва набудани ҷойҳои кории муносиб медонанд. Инчунин шахсе, ки дар мақомоти судӣ ба кор қабул мешавад, худи ӯ пешакӣ аз 10 то 30 ҳазор доллар пора медиҳад, ки ин боис мешавад корманди суд дар фикри рӯёнидани он маблағи сарфкардааш бошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.