Хабар УМУМӢ

Коронавирус дигар дар Тоҷикистон нест?

Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифтор шудан ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Акс: Интернет Бино ба иттилои “портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус” аз 17-уми феврал то ҳол ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор нашуда, бори охир 16-уми феврал 3 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, […]

Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифтор шудан ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Акс: Интернет

Бино ба иттилои “портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус” аз 17-уми феврал то ҳол ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор нашуда, бори охир 16-уми феврал 3 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, тибқи омори Вазорати тандурустии кишвар шумори умумии мубталоён ба COVID-19 аз оғози ин беморӣ дар кишвар 17385 нафарро ташкил додааст.

Шумораи умумии шахсони аз ин беморӣ шифоёфта ба 17249 нафар ё 99,2% расид.

Теъдоди фавтидагон бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Аммо ба омори овардаи мақомот коршиносон ба шубҳа менигаранд.

Мавзӯъҳои марбут