Коршиноси рус изҳороти раиси КДАМ-и Қирғизистон дар бораи Ворухро ғайримасъулона хонд

Ба изҳорти Қамчибек Тошиев раиси КДАМ Қирғизистон дар бораи Ворух коршиноси рус Александр Князев вокуниш карда, он изҳоротро ғайримасъулона унвон карда аст.

Князев ҳамзамон ба “Азия-Плюс” дар бораи хомӯшии мақомоти тоҷик изҳори назар карда. Ба гуфтаи ӯ, хомӯширо ихтиёр кардани ҷониби Тоҷикистон дар мавриди “ин рафтори ғайри қобили қабули ҷониби Қирғизистон мулоимтар гӯем, дуруст аст: чаро мушкилотеро, ки бе ин ҳам роҳи ҳалли худро намеёбад, боз ҳам печидатар кунем?, охир ҷанг-ку эълон намекунем”.

Дар ҳамин ҳол ин коршиноси рус бар ин назар аст, ки ин изҳорот, ҷанбаи зиддиқирғизиро аз ҷониби тоҷикистониён сарфи назар аз мавқеи расмии Душанбе, шадидан зиёд кард ва вокуниши дахлдори ҷониби Қирғизистон ҳам дер намепояд, яъне фазои умумии мухолифат меафзояд.

Князев мегӯяд, изҳороти Тошиев дар мавриди Ворух дар зоти худ иғвобарангез аст:

“Пешниҳоди чизе, ки ба таҳқиқ барои ҷониби дигар қобили қабул нест, яъне огоҳона тамоми ҷараёни гуфтушунидро ба бунбаст ворид мекунад. Агар огоҳона набошад ҳам, ин бояд аз бесалоҳиятии комил ва надоштани қобилияти арзёбии воқеӣ ба вазъият гувоҳӣ медиҳад”.

Ба ақидаи Князев, ба ҳалли ин мушклот на Тоҷикистону на Қирғизистон омода нестанд, чунки муддати тӯлонӣ дар сатҳҳои гуногун – сар аз зиддиятҳои шахсиву хонаводагӣ то байни кишварҳо мухолифатҳои зиёде ҷамъ шудаанд.

Ин коршиноси рус мгӯяд, шояд “ягона роҳи ҳалли чунин мушкилоти марбут ба сарҳаду қаламрав табодули мувофиқашудаи қитъаҳои баробари баҳсӣ бошад. аммо  ҳар ду ҷониб ҳам барои табодули муносиб бо пешниҳоди ҷуброни зарурӣ ба аҳолӣ захира надоранд ва ин ба низоъҳои нав боис мегардад.

Бояд гуфт, ки Тошиев, ки дар раъси ҳайати давлатии музокироти масоили сарҳадӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, дар нишасти хабарие рӯзи 26-уми март аз ду пешниҳоди кишвараш ба Тоҷокисон гуфт: Якум ин, ки сарҳадҳои Ворухро андоза мегирад, то бузургтар нашавад. Аз тариқи қаламрави худ ба ворухиҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳанд, то гузашта тавонанд.

Пешниҳоди дуввум: иваз кардани Ворух. Тошиев гуфт, агар онҳо ин қаламрав бо масоҳати 12 ҳазор гектарро ба мо диҳанд, мо омодаем 12 ҳазор гектар аз дигар ноҳияҳои вилояти Боткандро ба онҳо диҳем. Мо ҳатто феҳрасти ин қитъаҳоро ба онҳо додем, вале тарафи Тоҷикистон ҳоло ба мо ҷавоб надодааст.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.