Манбаъҳои гуногуни варзишӣ хабар медиҳанд, ки ҳамлагари дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва тими миллии футболи Португалия Криштиану Роналду эҳтимолан дар соли 2027 фаъолияти касбии худро ба поён мерасонад.
Ба иттилои рӯзноманигорони варзишӣ, Роналду қасд надорад шартномаи худро бо “Ал-Наср”, ки то соли 2027 амал мекунад, тамдид намояд. Бар асоси ҳамин маълумот, эҳтимол меравад, ки маҳз пас аз анҷоми ин шартнома ӯ футболро тарк кунад.
Худи Роналду борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи асосии ӯ расидан ба нишондоди 1000 гол дар фаъолияти касбӣ худ мебошад. Дар ҳоли ҳозир, дар корномаи ин футболбози машҳур 960 гол сабт шудааст ва ӯ ҳамоно дар сатҳи баланд бозӣ мекунад.
Криштиану Роналду аз аввали соли 2023 дар ҳайати “Ал-Наср” ҳунарнамоӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ пешсафи ҷадвали беҳтарин нишонзанони чемпионати Арабистони Саудӣ буда, дар 16 бозӣ 16 гол ба ҳадаф расондааст.
Манбаъҳо ҳамчунин ишора мекунанд, ки Роналду метавонад Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ро охирин мусобиқаи бузурги байналмилалии худ қарор диҳад ва пас аз он қарори ниҳоӣ дар бораи анҷоми фаъолияти бозигариашро эълон намояд.
Криштиану Роналду яке аз футболбозони муваффақтарини таърих ба ҳисоб меравад. Ӯ панҷ маротиба барандаи “Тӯби тиллоӣ”, панҷ маротиба ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва қаҳрамони Аврупо мебошад. Дар фаъолияти худ ӯ дар дастаҳои “Спортинг”-и Лиссабон, “Манчестер Юнайтед”, “Реал”-и Мадрид ва “Ювентус” низ бозӣ кардааст.
