Кумаки Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19

Бинобар иттилои Азия-Плюс Бонки исломии рушд БИР тасмим гирифтааст маблағи ҷудокардааш оиди лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро барои мубориза бо COVID-19 равона кунад.

Бино ба маълумоти вазорати молияи Тоҷикистон, Шӯрои мудирони Бонк дар ин хусус қарори дахлдор қабул кардааст. Пас аз ин ҷонибҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарордодҳои молиявӣ байни Тоҷикистон ва БИР, ки ҳафтаи гузашта дар палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буд, созишнома ба имзо расониданд.

“Бар асоси он аз ҳисоби пулҳои сарфашуда дар чанде аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба мубориза бо коронавирус 9,4 млн доллар маблағ равона мегардад”, – таъкид мешавад дар маълумоти Вазорати  молияи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ин маблағ баҳри пешгирии паҳншавии вирус барои харидории таҷҳизоти муолиҷа, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, антисептикҳо ва дигар маводи зарурӣ истифода хоҳад шуд.

Қарори ироаи кумаки  Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон дар амри мубориза бо COVID-19 дар ҳоле гирифта шудааст, ки як муассисаи дигари молиявии байналмилалӣ-Бонки осиёии рушд дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки бахши тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо буҳроне, ки COVID-19 ба бор овард, ба қадри кофӣ омода набуд. Дар тақвияити ин иддио  бонк ба “Радабандии байналмилалии бехатарии саломатӣ” ишора мекунад, ки дар он Тоҷикистон дар миёни 195 кишвар дар мақоми 130-ум қарор дорад. Дар гузориш омадааст, ки давлати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ хеле кам пул медиҳад. Дар самти тандурустӣ ҳамагӣ 7 дарсади хароҷоти умумии давлат ҷудо мешавад. Дар ҳоле, ки ҳамсоякишвари Тоҷикистон – Қирғизистон барои соҳаи тандурустӣ 12 дарсади хароҷоти умумии будҷаро медиҳад.  

Интиқоди Бонки осиёии рушд аз тахсиси ночизи маблағ ба арсаи тандурустӣ дар ҳоле аст ки мақомот ҳамвора буҷҷаи давлатиро ҳамчун буҷҷаи иҷтимоӣ тавсиф карда ва эълон медоранд, ки то 30 % маблағҳои он ба бахши тандудурстӣ ва маориф ихтисос дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз...

Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканиҳо дар зиндонҳо изҳори нигаронӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншикании баъзе кормандони Сарраёсати...

Дар Русия 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорат қарор доранд

Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти...

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...