Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон расид

Ёриҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 12 миллион сомонӣ ба мардуми зарардидаи Покистон расид.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар“, 15-уми сентябри соли 2022 кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарадидаи Покистон расидааст.

Ба қавли манбаъ, дирӯз Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди бостонӣ сурат гирифт, барои ин ирсоли ин кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Покистон дар ҳаҷми 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ки аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буд. Вазни умумии кумакҳо беш аз 3000 тоннаро ташкил медод ва рӯзи 6-уми сетябри соли ҷорӣ ба Покистон фиристода шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.